УДК 616.5 doi: 10.31712/2221-7355-2018-8-4-465-469

АЛОМАТҲОИ КЛИНИКИИ БЕМОРИҲОИ ПӮСТ ДАР КӮДАКОНИ ШАҲРИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

НАБИЕВ З.Н., АБДУЛЛАЕВА Н.Ш., КУЗИБАЕВА Н.К.

МД « Маркази илмию клиникии педиатрия ва ҷарроҳии қудакона”-и ВТ ва ҲИА ҶТ
Кафедраи фанҳои клиникии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон


Мақсади тадқиқот. Омӯзиши хусусиятҳои клиникии бемориҳои пӯст дар кӯдакони шаҳри Данғараи вилояти Хатлон.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Дар ш.Данғара ва деҳаи Саргазони вилояти Хатлон таҳлили муқоисавии 100 нафар кӯдакони синну соли 0 то 10 сола, ки гирифтори бемориҳои пӯст буданд, гузаронида шуд.

Натиҷаҳо. Хусусиятҳои клиникии бемориҳои пӯст дар кӯдакон бо нишонаҳои гуногун зоҳир гардиданд, ки бо шиддатнокии марҳалаи беморӣ, дараҷа ва вазнинии равандҳо аз якдигар фарқ доштанд. Яке аз бемории бештар паҳншуда ин бемории пиодермия мебошад, ки дар 67 %-и кӯдакони бемори синни аз 4 то 10 сола мушоҳида гардид.

Хулоса. Дар рафти таҳлили муқоисавии бемории пӯст дар кӯдакон, маълум гардид, ки сокинони деҳаи Саргазон ба бемориҳои пӯст бештар дучор мешаванд.

Калимаҳои асосӣ: нишонаҳои клиникӣ, бемориҳои пӯст, кӯдакон


Саҳифаҳо: 465-469


Мақола

Scroll Up
%d bloggers like this: