Дар бораи академия

ФАРМОИШ

аз «02» 04 с.2010, №182 ш.Душанбе

Дар бораи ҷудо намудани воҳидҳои
корӣ ба Академия илмҳои тибби
назди Вазорати тандурусти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ
1) Аз ҳисоби басти воҳидҳои кории муассисаҳои зерин адаҳои корӣ кам карда шавад:
– Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии тибби профилактики Тоҷикистон – 14,5 адади корӣ;
– Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва периантологии Тоҷикистон – 1,0 адади корӣ;
– Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтералогия» – 1,0 адади корӣ;
– Маркази ҷумҳуриявииилмию клиникии педиатрӣ ва ҷароҳии кӯдакона – 1,5 адади корӣ;
– Маркази илмию тадқиқотии дорусозӣ – 1,0 адади корӣ;
2) Сардори раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷетӣи соҳаи тандурустӣ Ҳафизов С.А. ҳамагӣ 19,0 воҳиди кориро ба басти воҳидҳои кории Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад ва маблағгузории муассисаҳои зикргардидаро таҳти назорат қарор диҳад. Муҳлат 10 рӯз.
3) Ба директорони Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон Сатторов С.С., Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон Қурбонов Ш.М., муассисаи давлати «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтералогия» Мироҷов Г.К., Маркази Ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷароҳии кӯдакона Набиев З.Н. ва Маркази илмию тадқиқоти дорусозӣ Ҷамшедов Ҷ.Н. супорида дода шавад, ки дар басти воҳидҳои кории кормандони муассисаҳои худ тағйирот дохил намоянд. Мӯҳлат 10 рӯз.
4) Назорати иҷрои фармоиши мазкурро ба зиммаи худ мегузорам.

Вазир
Н.Салимов

Scroll Up