Оинномаи академия

ОИННОМАИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ТИББИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

1.  МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Муассисаи давлатии «Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҶТимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон» (минбаъд Академия) ҳамчун шахси ҳуқуқӣ тибқи қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2009, №494 таъсис дода шуда, ба номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҶТимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №149 тасдиқ гардидааст, ворид карда шудааст.
2. Муассиси Академия Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҶТимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд «Муассис») мебошад.
3. Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҶТимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ Конститутсия (Сарқонун)-и ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ», қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон», қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои аз тарафи ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардашудаи ҳуқуқҳои байналхалқӣ ва ҳамин Оинномаро ба роҳбарӣ мегирад.
4. Номи расмии Академия бо забони давлатӣ – Муассисаи давлатии «Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҶТимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон» ва номи кӯтоҳкардашудаи он АИТ ВТ ва ҲИА ҶТ мебошад, бо забони русӣ – Государственное учреждение «Академия медицинских наук Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан» ва номи кӯтоҳкардашудаи он АМН МЗ и СЗН РТ мебошад.
5. Академия аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ташкилшуда ба ҳисоб меравад.
6. Академия дорои тавозуни мустақил, суратҳисоб дар бонкҳо, муҳри мудаввар бо дарҷи Нишони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи расмии худ, варақаҳои унвонӣ ва дигар реквизитҳо мебошад.
7. Нишонаи ҳуқуқии Академия ҷумҳурии Тоҷикистон, 734064, ш.Душанбе, кӯчаи Маяковский, 2 мебошад.

2. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ АКАДЕМИЯ

8. Шакли ташкиливу ҳуқуқии Академия бо моддаи 132 Кодекси граждании ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст.
9. Мутобиқи Оинномаи мазкур Академия ҳуқуқ дорад, ба фаъолияти даромаднок машғул шавад. Даромад ва амволи аз даромад ба дастовардашуда пурра ба ихтиёри Академия гузашта, дар баланси алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад.
10. Академия ҳуқуқи истифодабарии қарзҳои бонкиро дар мувофиқа бо Муассис доро аст.
11. Академия метавонад бо розигии Муассис ташкилотҳои дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ, ҳамчунин филиал таъсис диҳад ва намояндагиҳоро кушояд.
12. Академия дорои дигар гуна ҳуқуқҳо, ки бо қонунгузории ҷории ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои ғайритиҷоратӣ муайян карда шудаанд, ба ғайр аз ваколатҳои Муассис, ки дар Оинномаи мазкур муайян гардидаанд, мебошад.

3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ АКАДЕМИЯ

13. Академия муассисаи олии илмии худидорашавандаи давлатӣ буда, мақсадҳои асосии он инҳо мебошанд:
– тараққӣ додани тадқиқоти илмии амалӣ ва бунёдӣ оид ба самтҳои афзалиятдоштаи илмҳои тиб;
– гузаронидан ва тараққӣ додани тадқиқоти амаливу бунёдӣ ва таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ-тадқиқотии академӣ ва мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи тандурустӣ;
– дастгирӣ кардани самтҳои афзалиятноки тадқиқот, ки барои рушди соҳаи илмҳои тибби мамлакат муҳиманд;
– таҳлили вазъи илмию тиббии ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи тавсияҳои дахлдор;
– омӯхтани дастовардҳои илм ва технологияҳои ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди тиб ва тандурустии ҷумҳурии Тоҷикистон;
– муайян кардан ва дастгирӣ намудани мутахассисони лаёқатманд, мусоидат ба рушди эҷодии олимони ҷавон, тайёр кардани кадрҳои илмии тахассуси олӣ.
14. Академия роҳбарии умумии тадқиқотро оид ба муҳимтарин масъалаҳои илмҳои тиббӣ амалӣ намуда, самтҳои асосии тадқиқотро муайян мекунад ва корҳои илмӣ-тадқиқотиеро, ки муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат иҷро мекунанд, ҳамоҳанг месозад.
15. Барои муваффақ гардидан ба мақсадҳои худАкадемия вазифадор аст:
– самтҳои асосии афзалиятдори тадқиқоти бунёдиро дар илмҳои тиббӣ муайян намояд;
– якҷоя бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дар заминаи муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ таъсис додани комплексҳои илмию таҳсилотӣ иштирок намояд;
– дар ҳалли масъалаҳои комплексӣ (ҳамбастагӣ) дар соҳаи илмҳои тиб иштирок намояд;
– барои амалисозии алоқаи илм бо истеҳсолот ва татбиқи амалии коркардҳои илмӣ воҳидҳои худмаблағгузорӣ ва тиҷоратӣ таъсис диҳад;
– тайёр кардани олимон, мутахассисон ва баланд бардоштани тахассуси онҳоро амалӣ созад;
– ба тарғиби дастовардҳои илм ва густариши донишҳои илмии тиббӣ мусоидат намояд;
– барои муҳокимаи натиҷаҳои тадқиқотию илмӣ, масъалаҳои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷуманҳо, конференсияҳо ва машваратҳои илмӣ доир намояд;
– робитаҳоро бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳо ва Академияҳои соҳавӣ, ташкилот ва муассисаҳои дигари илмӣ-тадқиқотӣ, вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, ҷамъиятҳои илмӣ ва илмӣ-техникии ҷумҳурӣ ба мақсади рушди илми тибби кишвар таъмин намояд;
– ҳамкориҳои илмиро бо муассисаҳои илмии мамлакатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ инкишоф дода, дар конгрессҳо, конфронсҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмии байналмилалӣ дастовардҳои илми тибби кишварро муаррифӣ намояд;
16. Академия дар мувофиқа бо Муассис барои дастовардҳои барҷастаи илмӣ дар соҳаи тиб медалҳо, нишонаҳои фахрӣ ва ҷоизаҳоро таъсис медиҳад.

4. АЪЗОИ АКАДЕМИЯ, АЪЗОИ ФАХРӢ ВА ХОРИҶИИ ОН

17. Аъзои Академия – аъзои пайваста (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва хориҷии Академия мебошанд.
18. Шумораи умумии аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияро ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Муассис дар мувофиқа бо Раёсати Академия муайян мекунад.
19. Оиди ҷудо намудани ҷойҳои нави холӣ Академия ба Муассис муроҷиат менамояд.
20. Интихобот дар Академия дар асоси Оинномаи мазкур гузаронида мешавад.
21. Аъзои Академия олимоне интихоб карда мешаванд, ки шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
22. Аъзои пайваста (академикҳо)-и Академия аз ҷумлаи  аъзои вобастаи Академия интихоб карда мешаванд.
23. Аъзои вобастаи Академия аз ҷумлаи олимони шинохтаи дорои унвони доктори илмҳои тиб интихоб карда мешаванд.
24. Аъзои хориҷии Академия олимони барҷастаи хориҷӣ, ки дар рушди илми тибби тоҷик саҳмгузорӣ намудаанд, интихоб карда мешаванд.
25. Интихоби аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академия бо қарори Раёсати Академия сурат гирифта, онро президенти Академия тасдиқ менамояд.
26. Аъзои Академия якумрӣ интихоб карда мешавад.
27. Интихоботи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академия одатан ҳангоми будани ҷойҳои холӣ ва ё дар мавриди аз тарафи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани ҷойҳои холии нав гузаронида мешавад.
28. Вақти гузаронидани интихобот, номгӯи ихтисосҳо ва миқдори ҷойҳои холӣ оид ба ҳар як ихтисос аз тарафи Раёсати Академия дар мувофиқа бо Муассис муайян карда мешавад.
29. Иттилооти Раёсати Академия оид ба гузаронидани интихоботи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академия дар матбуоти ҷумҳурӣ надертар аз ду моҳ то гузаронидани интихобот нашр карда мешавад.
30. ҳуқуқи пешбарии аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияро муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ ва академикҳо доро мебошанд. Пешбарии довталабон аз тарафи муассисаҳо ва ташкилотҳо дар маҷлисҳои Шӯроҳои илмӣ, мушовараҳо ё раёсатҳо ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Нафароне пешбаришуда ҳисобида мешаванд, ки накамтар аз 50 фоизи овозҳоро соҳиб шуда бошанд. Дар интихобот шахсоне, ки равияҳои якхела ё монанд доранд, низ метавонанд иштирок кунанд.
31. Баъди қабул шудани ҳуҷҷатҳо дар матбуоти ҷумҳурӣ бори дигар бо нишондодани ному насаби довталаб (ё довталабон) эълон нашр мегардад.
32. Пас аз ҷамъбасти интихобот бо нишон додани ному насаби аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи интихобшудаи Академия дар матбуоти ҷумҳурӣ, эълон чоп мешавад.
33. Оиди дида баромадани ҳуҷҷатҳои довталаб (ё довталабон) дар озмуни аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобаста, бо қарори Раёсати Академия Комиссияи экспертӣ тартиб дода мешавад.
34. Интихоби аъзои вобаста бо ширкати аъзоёни пайваста (академикҳо) ва аъзоёни вобаста сурат мегирад.
35. Интихоби аъзоёни пайваста (академикҳо) танҳо бо ширкати аъзоёни пайваста (академикҳо) сурат мегирад.
36. Дар маҷлиси интихоботӣ шахсони ҳуқуқи овоздиҳӣ дошта бо ҳуҷҷатҳои довталаб (ё довталабон) шинос шуда, оиди ҳар як номзад фикру андешаи худро изҳор менамоянд.
37. Дар маҷлиси интихоботӣ комиссияи ҳисоботӣ таъсис дода мешавад, ки аъзоёни он бо овоздиҳии кушода тасдиқ карда мешаванд.
38. Аъзоёни комиссияи ҳисоботӣ раиси комиссияро интихоб менамоянд.
39. Интихоботи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академия бо тарзи овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад.
40. Раиси комиссияи ҳисоботӣ оиди натиҷаи интихобот гузориш дода, протоколи тартибдодашуда бо овоздиҳии кушода тасдиқ карда мешавад.
41. Дар ҳолати 2/3 қисми овозҳоро соҳиб шудан, номзад нтихобшуда ҳисобида мешавад.
42. Аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академия бо дастовардҳои нав дар мисоли тадқиқоти шахсан анҷомдодаи илмӣ таҳия, иҷро ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ, иштироки фаъолона дар кори Академия вазифадор мебошад.
43. Аъзои Академия, ки барои сукунати доимӣ ба хориҷӣ кишвар рафтааст, аз ҳайати Академия хориҷ шуда, ҷойи онҳо холӣ эълон карда мешавад.
44. Аъзоёни Академия ҳар сол ба Шуъбаи дахлдори Академия оид ба фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод менамоянд, ки он дар маҷлиси солона мавриди баррасӣ қарор мегирад.

5. МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ АКАДЕМИЯ

45. Мақоми олии идоракунии Академия Маҷлиси умумӣ ва Раёсати Академия мебошанд, ки онро президенти Академия сарварӣ менамояд. Ба ҳайати Маҷлиси умумӣ аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академия шомил мебошанд.
46. Маҷлиси умумии Академия:
– Оинномаи Академия ва тағйироту иловаҳоро ба он баррасӣ мекунад;
– бо пешниҳоди Раёсати Академия дар бораи таъсис, таҷдид ва барҳам додани Шуъбаҳо ва муассисаҳои илмӣ Муассис қарор қабул менамояд;
– гузоришҳои ҳисоботии Академияро тасдиқ мекунад;
– ҳисоботи солонаро оид ба фаъолияти илмии сохторҳо ва иҷрои маблағгузории асосии буҷети Академия тасдиқ менамояд;
– самт ва афзалиятҳои тадқиқоти илмиро муайян мекунад.
47. Раёсати Академия:
– интихоботи аъзои пайваста (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияро мегузаронад;
– гузоришоти Шуъбаҳо, муассисаҳои илмӣ ва аъзоёни Академияро баррасӣ менамояд;
– масъалаҳои муҳими илмӣ ва илмиву ташкилиро муҳокима мекунад.
48. Маҷлиси умумии Академия на камтар аз як маротиба дар як сол (дар ҳолати зарурӣ ғайринавбатӣ) даъват карда мешавад. Маҷлиси умумии солонаи Академия ҳар сол дар семоҳаи якум баргузор мегардад. Масъалаҳое, ки дар Маҷлиси умумӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд ва инчунин, рӯзномаи онро Раёсати Академия пешниҳод менамояд.
49. ҳуқуқи овозро дар Маҷлиси умумии Академия ҳамаи аъзоҳо доранд.
50. Маҷлиси умумии Академия дар сурате салоҳиятдор дониста мешавад, ки дар он накамтар аз 2/3 ҳиссаи аъзои шомили рӯйхати ҳайати Академия ширкат дошта бошанд.
51. қарорҳо дар Маҷлиси умумии Академия бо аксарияти овозҳои аъзои ҳузурдошта, қабул карда мешаванд.
52. Раёсати Академия дар ҳайати президент, ноибони президент, саркотиби илмӣ, мудирони шуъбаҳо ва аъзои дигар, ки шумораи онҳоро Маҷлиси умумии Академия муайян мекунад, таъсис меёбад.
Президенти Академия аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҶТимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.
ҳайати Раёсати Академияро Маҷлиси умумии Академия бо пешниҳоди президенти Академия интихоб менамояд.
Ноибони президенти Академия бо пешниҳоди президенти Академия бо фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҶТимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешаванд. Ноибони президент аз ҷумлаи аъзоёни пайваста ва ё вобаста таъин карда мешаванд.
Саркотиби илмии Академияро одатан аз ҷумлаи аъзои пайваста (академикҳо) ё аъзои вобастаи Академия бо пешниҳоди Раёсат президенти Академия тасдиқ ва озод менамояд.
Аъзои дигари Раёсати Академияро Маҷлиси умумии солонаи Академия аз ҷумлаи аъзои пайваста (академикҳо) ё аъзои вобаста ва мудирони шуъбаҳои Академия интихоб менамояд.
53. Президенти Академия:
– Академияро сарварӣ менамояд ва ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи муассиса вогузоршуда, шахсан масъул мебошад;
– Академияро дар мақомоти ҳокимияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳо, ҷамъиятҳо, ассотсиатсияҳо ва иттифоқҳои ватаниву байналмилалӣ муаррифӣ менамояд;
– вазифаҳои хизматии кормандони Академияро муайян менамояд;
– кори Раёсати Академияро сарварӣ намуда, дар ҷаласаҳои он раисӣ мекунад;
– дар Маҷлиси умумии Академия раиси мекунад;
– аз рӯи мансаб (вазифа) раиси Комиссияи экспертӣ ва Шӯрои табъу нашрро роҳбарӣ менамояд;
– ҳар се моҳ ба Муассис оид ба фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии Академия гузориш пешниҳод менамояд.
54. Раёсати Академия:
– дар фаъолияти худ тобеи Маҷлиси умумии Академия мебошад;
– қарорҳои Маҷлиси умумӣ ва Нақшаи фаъолияти солонаи Академияро иҷро менамояд;
– оид ба муҳимтарин қарорҳои дар давоми сол қабулшуда дар Маҷлиси умумии Академия гузориш медиҳад;
– Маҷлиси умумии Академияро даъват менамояд;
– тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъсис, таҷдид ва барҳамдиҳии муассисаҳои илмӣ ба Муассис пешниҳодот манзур менамояд;
– доир ба ҳалли масъалаҳои муҳими илмии соҳа шӯроҳои илмӣ ва комиссияҳо таъсис медиҳад;
– дар таҳияи барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои ҷумҳуриявӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҶТимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок варзида, оид ба рафти иҷроиши онҳо ба Муассис ҳисобот пешниҳод менамояд;
– назоратро доир ба рафти корҳои илмӣ-тадқиқотии соҳавӣ амалӣ месозад;
– дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ, ташкил ва гузаронидани иҷлосия, конферентсия ва машваратҳои илмӣ, ҳамчунин ба таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ мусоидат менамояд;
– ҳисоботро дар бораи фаъолияти Академия барои муҳокима ва тасдиқ ба Маҷлиси умумии Академия пешниҳод менамояд;
– доир ба муайян намудани самти кор ва тахассусияти муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба Муассис пешниҳодот ирсол менамояд;
– робитаҳои илмиро бо Вазорати маориф ва илм, Академияҳои илмҳо ва муассисаҳои дигари илмии мамлакат ва хориҷи кишвар ба нақша мегирад;
– доир ба истифодаи амалии натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ чораҳо меандешад;
– муҳаррир, ҳайати таҳририяи маҷалла, Шӯрои илмии табъу нашр, Комиссияи экспертии тиббӣ ва биоэтикиро тасдиқ намуда ва ҳамчунин ба чопи корҳои илмии Академия назорат мебарад;
– масъалаҳои рушди иҷтимоии Академияро ҳал менамояд;
– аз тарафи ҳамаи муассисаҳо ва шахсони мансабдори Академия риоя шудани Оинномаи мазкурро зери назорат мегирад;
– ба фаъолияти шуъбаҳо ва муассисаҳои илмии Академия сарварӣ менамояд.

6. СОХТОРИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ТИББИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

55. Ба сохтори Академия шуъбаҳо доир ба фаъолияти илмии пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муассисаҳои дигари илмӣ дохил мешаванд. Дар назди Академия ҷамъиятҳои илмӣ, шӯроҳои илмӣ, комиссияҳо, фондҳо, ки бо тартиби муқарраргардида созмон дода шудаанд, мавҷуд буда метавонанд.
56. Шуъбаи Академиямаркази илмӣ ва илмиву ташкилӣ буда, муассисаҳои илмии як соҳаи тибро муттаҳид месозад.
Вазифаҳои асосии шуъбаҳои Академия инҳо мебошанд:
– тараққӣ додан ва ҳамоҳанг сохтани тадқиқоти амалӣ, бунёдӣ ва соҳаҳои дахлдори илми тиб;
– роҳбарии илмиву методӣ ва илмиву ташкилии муассисаҳои илмии шомили ҳайати шуъба;
– таҳияи пешниҳод оид ба татбиқи натиҷаҳои тадқиқот дар амалияи тиббӣ;
– гирд овардани ҳисоботҳо оиди фаъолияти илмии муассисаҳои тобеи шуъба, таҳлил ва ба Раёсат пешниҳод намудани онҳо.

7. МУАССИСАҲОИ ИЛМӢ – ТАДҚИҚОТИИ АКАДЕМИЯ

57. ҷузъи асосӣ доир ба фаъолияти илмӣ дар низоми Академия пажуҳишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои илмӣ мебошанд.
Замимаба Оинномаи
Академияи илмҳоитибби
Вазорати тандурустӣ ва
ҳифзииҷтимоии аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЎЙХАТИ МУАССИСАҲОИ ИЛМӢ, КИ ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ БА АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ТИББИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲИСОБОТ ПЕШНИҲОД МЕНАМОЯНД:

Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология;
Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон;
Пажуҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй;
Пажуҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон;
Пажуҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон;
Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг;
Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ;
Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона;
Маркази милли илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон;
Маркази ҷумҳуриявии ғизо;
Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ;
Маркази ҷумҳуриявии илмии хун;
Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ.

ОИННОМАИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ТИББИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Муҳаррири техникӣ          Тоҳир ҶАЛИЛОВ
Тарроҳ                            Фарзонаи  КОМРОНӢ
Мусаҳҳеҳ                        Ардашер ИСМОИЛОВ

Scroll Up