УДК 616.393 – 053.3 doi: 10.31712/2221-7355-2018-8-4-419-425

ДАРАҶАИ МУВОФИҚАТИ БАЙНИ НИШОНДОДҲОИ МАСУНИЯТИ ХОС ВА ҒАЙРИХОС ДАР КЎДАКОНИ ГИРИФТОРИ ГИПОТРОФИЯ

ИСМОИЛОВ К.И., РАСУЛОВА С.А.

Кафедраи бемориҳои кўдаконаи №2 ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино


Мақсади тадқиқот. Муайянкунии дараҷаи синхронияти байни масунияти хос ва ғайрихос дар кўдакони гирифтори гипотрофия.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Дар байни 84 нафар кўдаки синни аз 2 моҳа то 2 солаи гирифтори гипотрофия, ки мутаносибан 44 (52,3%) нафарашонро писарон ва 40 (47,6%) нафарашонро духтарон ташкил медоданд ва дар МД ММТ ҶТ – “Шифобахш” таҳти табобати статсионарӣ қарор доштанд, маҷмўи тадқиқоти клиникӣ-лабораторӣ гузаронида шуд. Дар қатори усулҳои тадқиқоти умумиклиникӣ дар ин кўдакон ҳолати масунияти ҳуҷайравию ҳуморалӣ ва ҳамзамон фаъолияти фагоситариву индекси фагоситарии нейтрофилҳои таркиби хуни канорӣ муайян карда шуд.

Натиҷаҳо. Тадқиқот нишон дод, ки дар кўдакони гурўҳи I нишондодҳои Т-лимфоситҳо ва зернамуди онҳо (CD3, CD4, CD8, CD25, CD4/CD8, CD20, CD25, CD95 ва CD16) аз чунин нишондодҳои кўдакони солим фарқи назаррас надоштанд, вале нишондодҳои мазкур ва махсусан лимфоситҳои иммунофенотипи CD4 ба майли пастшавӣ доштанд. Дар кўдакони гирифтори гипотрофияи дараҷаи миёнаи вазнин (гурўҳи II) дар муқоиса бо нишондодҳои гурўҳи I пастшавии назарраси нишондодҳои миёнаи Т-лимфоситҳо бо маркёрҳои иммунологӣ (СD4, СD8, СD16) ба назар мерасид (р<0,001). Ҳангоми тадқиқи миқдори иммуноглобулинҳои таркиби хун муайян гардид,ки нишондоди IgA, M ва G дар кўдакони гирифтори гипотрофияи дараҷаи якум аз ин нишондоди кўдакони солим фарқият надошт ва ин нишондод нишондиҳандаи кам будани зудии бемориҳои интеркурентӣ дар ин гурўҳи кўдакон мебошанд (р>0,05). Ҳамзамон, дар кўдакони гирифтори гипотрофияи дараҷаи муътадил (2 СО) фарқияти мутлақи пастшавии нишондодҳои миёнаи IgA, M ва G дар зардобаи хуни ин кўдакон дар муқоиса бо кўдакони гирифтори гипотрофияи дараҷаи сабук ва кўдакони солим мушоҳида карда шуд (p<0,001). Дар мавриди тадқиқи миқдори иммуноглобулинҳои таркиби хуни кўдакони гирифтори гипотрофияи дараҷаи вазнин муайян карда шуд, ки бузургии миёнаи нишондодҳои иммуноглобулинҳои IgA, M, G дар муқоиса бо ҳамин нишондодҳои кўдакони гирифтори гипотрофияи дараҷаи сабук ва миёнаи вазнин ба таври назаррас паст шудааст. Дар кўдакони гирифтори гипотрофияи дараҷаи сабук нишондоди фаъолияти фагоситарӣ ва индекси фагоситарии нейтрофилҳо аз ҳамин нишондодҳои кўдакони солим тақрибан фарқ намекарданд (p>0,05). Аммо дар гурўҳи беморони гирифтори гипотрофияи дараҷаи мўътадил нишондоди фагоситоз ва фаъолияти фагоситарӣи нейтрофилҳо тамоюли назаррас ба пастшавӣ доштанд (р<0,001). Ҳамзамон дар гурўҳи кўдакони гирифтори гипотрофияи дараҷаи вазнин нишондоди фагоситоз ва индекси фагоситарии нейтрофилҳо дар муқоиса бо ин нишондод дар кўдакони гурўҳи назоратӣ ниҳоят паст буданд (р<0,001).

Хулоса. Натиҷаҳои муайянгардида аз пастшавии нишондодҳои масунияти хос ва ғайрихоса ва инчунин таъсири тарафайни баланд дар байни нишондодҳои масунияти ҳуҷайравӣ, масунияти гуморалӣ ва фаъолияти фагоситарии нейтрофилҳо дар таркиби хуни канорӣ шаҳодат медиҳанд. Таҳлили коррелятсионии гузаронидашуда аз дараҷаи баланди таъсири тарафайн дар байни масунияти гумораливу фаъолияти фагоситарии нейтрофилҳо (r=0,71) ва таъсири тарафайни хаттии баръакс дар байни нишондодҳои масунияти гумораливу индекси фагоситарии нейтрофилҳо (r=0,67) дар таркиби хуни канорӣ шаҳодат дод.

Калимаҳои асосӣ: масунияти ҳуҷайравӣ, масунияти гуморалӣ, фаъолияти фагоситарӣ, индекси фагоситарӣ, гипотрофия


Pages: 419-425

Download the article

Scroll Up
%d bloggers like this: