ДИНАМИКАИ ОМИЛҲОИ ҲУҶАЙРАВӢ-ГУМОРАЛИИ МУҲОФИЗАТ ҲАНГОМИ СУЛФАКАБУТАК ДАР КЎДАКОНИ ХУРДСОЛ

МАҶОНОВА М.Ҷ., ХОҶАЕВА Н.М.

Кафедраи бемориҳои сироятии кўдаконаи ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино


Мақсади тадқиқот. Арзёбии нишондиҳандаҳои қисматҳои ҳуҷайравӣ ва гуморалии иммунитет ҳанго­ми сулфакабутак дар кўдакони хурдсол.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Гурўҳи асосиро 39 кўдаки дорои ташхиси «Коклюш» дар синни 1 моҳ то 3 сола, гурўҳи санҷиширо – 30 нафар кўдакони солим дар синну соли мазкур ташкил медоданд. Нишон­диҳандаҳои зардобаҳои иммуносохтор муайян карда шуданд.

Натиҷаҳо. Дар кўдакони соли аввали ҳаёт мавҷудияти Т-лимфотситҳо дар давраи авҷгирӣ ҳангоми на­мудҳои вазнини миёна ва вазнини беморӣ бо давомнокии нишондодҳои дар давраи реконваленисияи бар­вақтӣ нисбатан пастар. Дар кўдакони хурдсол дар давраи авҷгирӣ, чун дар давраи реконвавленсаи бар­вақтӣ ҳангоми намудҳои вазнини миёна ва вазнини беморӣ депрессияи мутаносиби қисмати ҳуҷайравии иммунитет ба қайд гирифта мешавад. Ҳамин тариқ, барои кўдакони соли аввали ҳаёт маводи пасти Ig А и Ig М дар динамикаи беморӣ хос аст, вале контсентратсияи Ig G дар зардобаи хун нисбат ба гурўҳи санҷишӣ баланд аст. Ҳангоми намудҳои вазнини миёна ва вазнини беморӣ дар кўдакони хурдсол маводи Ig А и Ig М дар ҳамаи давраҳои беморӣ нисбат ба муқаррароти санҷишӣ мутаносибан баланд мебошад.

Хулоса. Натиҷаҳои назарраси дастовардҳои иммунологӣ дар кўдакони соли аввали ҳаёт, ки норасоии қисмати ҳуҷайравии иммунитет барояшон хос аст, ошкор карда шуд. Норасоии иммунӣ ба қобилияти пасти системаи иммунии кўдакони хурдсол вобастагӣ дорад, дар натиҷа вазни қиёсӣ дар байни намудҳои вазнини миёна ва вазнини беморӣ бо ташаккулёбии нисбатан пасти иммунитети хос зиёд мегардад. Натиҷаҳои назарраси системаи иммунӣ аз мақсаднок будани гузаронидан ва интихоби воситаҳои кор­ректсияи иммунӣ гувоҳӣ медиҳад.

Калимаҳои асосӣ: сулфакабутак, иммуносохтор, кўдакон


Саҳифаҳо: 32-39


Мақола

Scroll Up
%d bloggers like this: