УДК 616.127-072 doi: 10.31712/2221-7355-2018-8-4-413-418

ҲОЛАТИ ФУНКСИОНАЛИИ МУШАКҲОИ ДИЛ ДАР БЕМОРОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИҲОИ ҒАЙРИИШЕМИЯВИИ МИОКАРД ВА БЕМОРИИ ИШЕМИЯВИИ ДИЛ

ВИЛЬДАШИН Д.К., ОДИНАЕВ Ф.И., РАҶАБЗОДА М.Э., ТАБАРОВ А.И

МД «Пажуҳишгоҳи илмї-тадқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон»
Кафедри бемориҳои дарунии №1 ДДТТ ба номи Абӯалї ибни Сино
МД «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» – и ВТ ва ҲИА ҶТ


Мақсади тадқиқот. Омӯзиши ҳолати функсионалии миокард дар беморони гирифтори бемориҳои ғайримоддии мококардї (БҒМ) ва бемории ишемиявии дил (БИД) бо истифодаи тадқиқоти эхокардиографї (ЭхоКГ).

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Таҳлили муқоисавии натиҷаҳои тадқиқотҳои ҳолати функсионалии миокард дар 60 беморони БИД ва 60 беморони БҒМ (19 беморони гирифтори кардиомиопатияи дилятатсионї (КД) ва 41 беморони гирифтори миокардит) бо усули эхокардиография гузаронида шуданд. Андозаҳои ниҳоии диастоликї (АНД) ва систоликї (АНС) ва ҳаҷми меъдачаи чап (МЧ), ҳаҷми қисми чапи дил (ҲШД) ва қисми рости дил (ШРД), ғафсии девораи пас (ҒДП) дар ҳолати диастолї муайян карда шуданд. Инчунин индекси массаи миокард (ИММШЧ), гипертрофияи ШЧД, фраксияи партоиши хун (МПХ) ШЧ ва дигар параметрҳои функтсионалї- андозавии дил муқаррар гардиданд.

Натиҷаҳо. Таҳлили муқоисавии натиҷаҳои нишондиҳандаҳои эхокардиографї дар беморони БИД ва БҒМ (КД) афзоиши нишондиҳандаи миёнаи АНД, АНС ва МЧ-ро дар беморони гирифтори БИД нишон дод. Инчунин ошкор гардид, ки гипертрофияи меъдачаи чап дар беморони БИД нисбат ба беморони БҒМ ифоданоктар буда, андозаҳои ниҳоии систоликї ва дистоликии МЧ дар беморони МҒМ нисбат ба БИД ботадриҷ меафзоянд. Дар робита бо ташхиси норасоии дил нишондиҳандаи МПХ нисбатан ифоданок ба ҳисоб меравад, ки дар умум қобилияти камшавї ва функсионалии миокардро инъикос менамояд. Барои фарқияти БИД ва БҒМ ин меъёрро ҳамчун нишонаи дараҷаи васеъшавии меъдачаи чапи дил, ки дар беморони БИД нисбат ба беморони МҒМ камтар ифоданоктаранд, метавон истифода бурд.

Хулоса. Ҳангоми эхокардиография дар беморони БИД ва МҒМ дисфунктсияҳои гуногуни сегменталї ва умумии қисматҳои дил муайян карда мешаванд. Ҳангоми БИД афзоиши нишондиҳандаҳои миёнаи АНД, АНС ва МЧ дар ва гипертрофияи меъдачаи чапи дил ошкор карда мешавад. Дар беморони БҒМ афзоиши ҳаҷмҳои ниҳоии ситоликї ва диастоликии МЧД ошкор мегардад, ки аз фишори баланд дар доираи хурди хунгардиш гувоҳї медиҳад.

Калимаҳои асосӣ: стресс-эхокардиография, бемориҳои ғайрикоронарии миокард, бемории ишемиявии дил


Саҳифаҳо: 413-418

Мақола

Scroll Up
%d bloggers like this: