УДК 616-053.2; 616.248 doi: 10.31712/2221-7355-2019-9-1-18-24

ХУСУСИЯТҲО ВА ФУНКТСИЯИ НАФАСГИРИИ БЕРУНА ВА СИСТЕМАИ ДИЛУ РАГҲО ДАР КЎДАКОНИ МУБТАЛОИ АСТМАИ БРОНХИАЛӢ

ИСМОИЛОВ К.И., ШАРИПОВА М.М.

Кафедраи бемориҳои кўдакона №2, ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино


Мақсади тадқиқот. Омўзиши функтсияи нафасгирии беруна ва системаи дилу рагҳо дар кўдакони мубталои астмаи бронхиалӣ.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Дар зери назорат 38 кўдаки гирифтори бемории астмаи бронхиалӣ, син­нашон аз 5 то 14 сола, ки ба 2 гуруҳ ҷудо карда шуданд, қарор доштанд. Ба гурўҳи 1-ум 18 кўдаки аз 5 то 10 сола ва ба гурўҳи дуюм 20 кўдаки аз 11 то 14 сола ворид карда шуданд. Меъёри истисноӣ мақоми асматикӣ буд. Гурўҳи санҷиширо 20 нафар кўдаки солими синну солашон мувофиқ ташкил медод. Ба ҳамаи кўдакон спирография ва тадқиқоти электрокардиографӣ гузаронида шуд.

Натиҷаҳо. Дар давраи хурўҷии астмаи бронхиалӣ норасогии обструктивию вентилятсионӣ ба назар расид, ки бо дигаргуниҳои устувори нишондодҳои андозавию суръатӣ вобастагӣ дорад. Гуногунӣ ва дараҷаи ифоданокӣ аз давра, давомнокӣ ва вазнинии беморӣ вобаста аст.

Дар 11 кўдак дар давраи хурўҷ ва дар 17 кўдак дар давраи баъдихурўҷӣ ҳангоми электрокардиография пастшавии дандонаи чатрмонанди баландамплитудаи Р-и характери гипоксикӣ дошта зоҳир гашт. Бе­рун фаромадани сегменти ST дар 21 кўдак дар давраи хурўҷ ва дар 29 кўдак дар давраи баъдихурўҷ ба назар расид.

Хулоса. Ҳангоми эхокардиография дар беморони БИД ва МҒМ дисфунктсияҳои гуногуни сегменталӣ ва умумии қисматҳои дил муайян карда мешаванд. Ҳангоми БИД афзоиши нишондиҳандаҳои миёнаи АНД, АНС ва МЧ дар ва гипертрофияи меъдачаи чапи дил ошкор карда мешавад. Дар беморони БҒМ афзоиши ҳаҷмҳои ниҳоии ситоликӣ ва диастоликии МЧД ошкор мегардад, ки аз фишори баланд дар доираи хурди хунгардиш гувоҳӣ медиҳад.

Калимаҳои асосӣ: кўдакон, астмаи бронхиалӣ, дил, функтсияи нафасгирии беруна


Саҳифаҳо: 18-24


Мақола

Scroll Up
%d bloggers like this: