УДК 616.62-003.7-074-073.756.8-057.36 doi: 10.31712/2221-7355-2018-8-4-449-458

ХУСУСИЯТҲОИ АЛОМАТҲОИ КЛИНИКИИ БЕМОРИИ САНГИ ПЕШОБ ВОБАСТА АЗ ҲАҶМ, ҶОЙГИРШАВӢ ВА ТАРКИБИ КИМЁВИИ САНГҲОИ ПЕШОБРОҲА ДАР ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

МАГОМЕДОВ Д.К., ПРЯНИЧНИКОВА М.Б., ТАҒОҶОНОВ З.Ф., РИЗОЕВ Х.Х., ТЕЛЕЕВА Г.И., ЗАМУДДИНОВ М.Ф., ЗАЙМУДИНОВ Б.М.

Кафедраи урологияи Донишгоҳи давлатии тибии Самара
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Кафедраи урологияи ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва томографияи фаросадоии МДБТ беморхонаи клиникии вилояти Самара, ба номи В.Д.Середавин
Маркази ташхисии «Мададди Акбар»


Мақсади тадқиқот. Омўзиши хусусиятҳои ҷараён ва аломатҳои клиникии бемории санги пешоб (БСП) вобаста аз ҳаҷм, ҷойгиршавӣ ва таркиби кимиёвии сангҳои пешоброҳа дар хизматчиёни ҳарбие, ки дар минтақаи Волга ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунанд.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Дар 1208 (100%) хизматчиёни ҳарбии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шўъбаи урологогии беморхонаи низомии Самараи Вазорати мудофиаи Русия (426 нафар дар БНС), дар шўъбаи ҷарроҳии беморхонаи низомии Вазорати мудофиаи Русия (451 нафар дар БН) ва дар шўъбаи ҷарроҳӣ беморхонаи низомии нерўҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон (БН ҶТ) аз соли 2010 то соли 2016 табобат мегирифтанд, ташхиси клиникию лабораторӣ (таҷзияи умумии хун) ва биохимикии хун (миқдори креатинин ва таҳшинҳо дар хун ва пешоб), ташхиси умумии пешоб, озмоишҳои Нечипоренко, Зимнитский ва Реберг, инчунин усулҳои инструменталии тадқиқотӣ (фаросадо, урография умумӣ ва экскреторӣ) гузаронида шуданд. Сохтори химиявӣ ва зичии сангҳои худ баромада (дар натиҷаи табобати доруворӣ), ё бо усулҳои эндоҷарроҳӣ ва ҷарроҳии анъанавӣ гирифтаи онҳо аз рўи нишонаҳои берунӣ ва томографияи компютории мултиспиралӣ (ТКМ) омўхта шуданд.

Натиҷаҳо. Дар байни 426 беморони БНС сохтори кимёвии 712 сангҳо омўхта шуданд, ки дар 213 (29,9%) нафар уратҳо бо оксалатҳо, дар 191 (26,8%) нафар уратҳо, дар 158 (22,2%) нафар оксалатҳо, дар 96 (13,5%) фосфатҳо бо оксалатҳо, дар 38 (5,3%) нафар аммонийи турши пешоб ва дар 16 (2,2%) нафари дигар фосфатҳои дорои калтсий ва магний ошкор гардиданд. Дар 451 беморони БН сохтори кимиёвии сангҳо, дар 261 беморон омўхта шуд, ки дар 176 (67,4%) нафар уратҳо, дар 62 (23,7%) нафар оксалатҳо, дар 10 (3,8%) нафар уратҳо бо оксалатҳо, дар 6 (2,3%) туршобаи аммоний, дар 4 (1,5%) нафар фосфатҳо бо оксалатҳо ва дар 3 (1,2%) нафари дигар фосфатҳои дорои калтсий ва магний мебошанд. Дар байни беморони БН ҶТ (гуруҳи санҷишӣ) сохтори кимёвии сангҳо дар 235 (100%) беморон омўхта шуд, ки дар 179 (76,2%) нафар оксалатҳо, дар 22 (9,4%) нафар уратҳо, дар 15 (6,4%) нафар уратҳо бо оксалатҳо, дар 10 (4,2%) туршобаи аммоний, дар 8 (3,4%) нафар фосфатҳо бо оксалатҳо ва дар 1 (0,4%) нафари дигар фосфатҳои дорои калтсий бо магний мебошанд. Омузиши сохтори кимёвии сангҳои пешоб нишон дод, ки дар БН ҶТ дар қисми зиёди беморон оксалатҳо, дар 426 беморони БНС уратҳо ва уратҳо бо оксалатҳо ҷой доштанд, дар 451 беморони БН ФР бошад уратҳо (р<0,05). дарёфт гардиданд. Ин исбот менамояд, ки бемории санги пешоб ва сохтори кимиёвии онҳо аз муҳити географӣ, аз нақшҳои гуногуни омилҳои эндогенӣ ва экзогении уролитиаз вобастагӣ доранд.

Хулоса. Натиҷаи омўзиш нишон дод, ки сахтии санг бисёртар дар намуди оксалатҳо, зичии миёна – уратҳо бо оксалатҳо ва нисбатан зичии паст – уратҳо доранд, ки бояд ҳангоми табобат ба назар гирифта шаванд.

Калимаҳои асосӣ: бемории санги пешоб, таркиби кимиёвӣ ва сахтии сангҳо, томографияи компнютерӣ, рН пешоб


Pages: 449-458


Download the article

Scroll Up
%d bloggers like this: