УДК 61:364-056.24 (575.3) doi: 10.31712/2221-7355-2018-8-4-443-448

МОДЕЛИ ОФИЯТБАХШИИ ТИББИИ КӮДАКОН ДАР МД “ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИЮ ИҶТИМОӢ ВА ТАВОНБАХШИИ МАЪЮБОН”

МАҒЗУМОВА Ф.П., АБДУРАҲИМОВ А.А., ҲАҚНАЗАРОВ С.Ш.

МД “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон”
Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии ш.Душанбе


Мақсади тадқиқот. Омӯзиши самаранокии модели тиббии офиятбахшии кӯдакони маъюб дар Пажуҳишгоҳи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Таърихи бемории 900 кӯдакон дар солҳои 2015-2017, ки бо мақсади офиятбахшӣ аз тамоми минтақаҳои кишвар бистарӣ карда карда шуданд, таҳлил гардиданд. Ҳисоботи клиникӣ ва варақаҳои оморӣ барои солҳои мазкур мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Аз рӯи анкетаи махсус таҳиягардида, ки 26 саволро доир ба масъалаҳои офиятбахшии тиббӣ дар беморхонаҳо ва муассисаҳои аввалияи тиббию санитарӣ (ТБ) дар маҳалҳо дар бар мегирифт, пурсиш гузаронида шуд. Сохтори синфиятҳои гуногуни бемориҳо, ҷинс, синну сол, ҷои истиқомат, давомнокии табобат ва истифодаи захираҳои моддӣ (фонди бистарӣ) таҳлил карда шуданд. Бо мақсади ташкили системаи илмӣ-асосноки экспертиза ва офиятбахшии маъюбон дар шароити иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон таҳлили фаъолияти модели тиббии офиятбахшии кӯдакони маъюб дар Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон гузаронида шуд. Некӯаҳволии иҷтимоии кӯдакони маъюб, зарурати онҳо ба шаклҳои мухталифи офиятбахшии тиббӣ омӯхта шуда, ҳолати бемори барқароршаванда, тарзи ҳаёти ӯ дар Тоҷикистон, инчунин таъсирнокии табобати гузаронида нишон дода шуд.

Натиҷаҳо. Барои офиятбахшӣ бо роҳхати муассисаҳои аввалияи тиббию санитарӣ танҳо 20% -и маъюбон муроҷиат намуда, боқимондаҳо бошанд мустақилона бе роҳхат муроҷиат кардаанд. 45,6% муроҷиаткунандагонро кӯдакони маъюб, ки табобати амбулаторӣ мегиранд, ташкил медиҳанд. Зиёда аз 50% онҳо сокинони деҳот буда, 50% беморони доимии Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон 3-4 маротиба дар як сол ба сабаби ҷой доштани муолиҷаи хуб муроҷиат намудаанд. Дар айни замон дар клиника 8 намуди усулҳои инноватсионии офиятбахшии кӯдакони маъюби гирифтори кашишхӯрии шадиди системаи мушакҳо амалӣ мегардад.

Хулоса. Дар ин давра шумораи кӯдакони маъюб дар Тоҷикистон аз 1,061 то 92 нафарро ташкил медиҳад. Далели сол аз сол зиёд шудани шумораи кӯдакони маъюби нахустдарёфтшуда ташвишовар мебошад. Бинобар ин, зарурати таъҷилии пешгирии бемориҳо бо мақсади кам кардани маъюбӣ дар байни кӯдакон, инчунин офиятбахшии тиббӣ дар муассисаҳои аввалияи тиббию санитарӣ, ки ногузирии ташкили ҳуҷраҳои офиятбахшӣ ё шӯъбаҳои офиятбахшии кӯдакони маъюбро талаб мекунад, пеш меояд. Инчунин омодасозии кадрҳои баландихтисос дар самти офиятбахшии ин гурӯҳи беморон, ҳам аз ҳисоби табибон ва ҳам кормандони миёнаи тиббӣ ногузир мебошад.

Калимаҳои асосӣ: маъюбӣ, кӯдакон, экспертизаи тиббӣ-иҷтимоӣ, муассисаи тиббӣ-профилактикӣ


Саҳифаҳо: 443-448


Мақола

Scroll Up
%d bloggers like this: