УДК 616.315-007.252-078.622 doi: 10.31712/2221-7355-2018-8-4-408-412

НАТИҶАҲОИ УСУЛҲОИ ГУНОГУНИ ТАБОБАТИ ВАРИКОТСЕЛЕ

АРТИКОВ К.П., МАЛИКОВ М.Х., ҲУСЕЙНЗОДА Ҷ., ҲОМИДОВ Ф.М., АБДУЛЛАЕВ З.Р.

Кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
МД «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо»


Мақсади тадқиқот. Омӯзиши натиҷаҳои усулҳои гуногуни ҷарроҳӣ ҳангоми табобати варикотсел.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. 334 бемори гирифтори варикотселеи синну соли аз 18 то 36 сола муоина шуданд. Ҳамаи беморон дорои варикотселеи дараҷаи II-III буданд. Ҷарроҳии Иваниссевич дар 125 нафар, ҷарроҳии Мармар дар 111 ва сохтани анастомияи байниваридӣ дар 98 беморон гузаронида шуд. Усулҳои умумиклиникӣ ва лаборатории тадқиқот, допплерографияи рагҳои тухмдон ҳангоми ростистӣ, озмоиши Валсалв ва Flaty гузаронида шуданд.

Натиҷаҳо. Ҳангоми таҳлили муқоисавии усулҳои гуногуни табобати ҷарроҳии варикотселе аксаран ретсидивҳо пас аз ҷарроҳии Иваниссевич (26,4%) ва ҷарроҳии Мармар (6,3%) пайдо мешуданд. Дар давраи дигар ретсидив пас аз сохтани микроанастомозҳои варидӣ дар 1 фоизи беморон мушоҳида гардид.

Хулоса. Ҷарроҳиҳои окклюзионӣ ба намуди амали Иванисевич танҳо дар ҳолати ҷой доштани хунгардиши патологии реносперматикии варикотселе нишондод дорад. Усулҳои микроҷарроҳии табобати варикотселеро бояд ҳангоми намудҳои гемодинамикии илеосперматикӣ ва омехта истифода бурд.

Калимаҳои асосӣ: варикотселе, ҷарроҳиҳои Иваниссевич, Мармар, ташаккулёбии анастомияи варидӣ, ретсидив


Саҳифаҳо: 408-412

Мақола

Scroll Up
%d bloggers like this: