УДК 57 doi: 10.31712/2221-7355-2018-8-4-481-487

НИШОНДИҲАНДАҲОИ ДЕРМАТОГЛИФИКӢ ВА АНТРОПОМЕТРИИ СОКИНОНИ НОҲИЯҲОИ ГУНОГУНИ ЭКОЛОГИЮ ҶУҒРОФИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА АЛОҚАМАНДИИ ОНҲО

РИЗОЕВА О.А.

Кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


Мақсади тадқиқот. Омӯзиши алоқамандии намуди нақшҳои папиллярии ангуштони дастон ва нишондиҳандаҳои антропометрии одамони минтақаҳои гуногуни экологӣ ва ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Натиҷаҳои маълумотҳои дактилоскопӣ ва як қатор нишондиҳандаҳои антропометрӣ (вазни бадан, андозаи китф, бозу, рон, андозаи қафаси сина ва соқи пой) ба даст омаданд: а) дар донишҷӯёни аз минтақаҳои баландкӯҳ (33 нафар), ки сокинони маҳаллии ноҳияҳои вилояти Суғд ва ВМКБ, б) дар донишҷӯёни (89 нафар) маҳалҳои миёнакӯҳи ҳамин минтақа ва шаҳри Душанбе, в) дар донишҷӯёни ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Суғд (117 нафар) аз синни 17-21 сола, ки барои таҳсил ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино омадаанд.

Натиҷаҳо. Фарқияти нишондодҳои антропометрӣ нисбатан ифоданоканд ва дар хусусиятҳои хоси дарозрӯя ва ҳам доманавии минтақаҳои баландкуҳ асос меёбанд. Бо нишондодҳои дарозии бадан (қад), бештар нақшҳои Lr_, A ва W, аммо барои нишондодҳои паҳни бадан нақшҳои Lu ва W во мехуранд. Дар баробари ин нақшҳои A ва W қариб ҳамеша гуруҳи шахсонеро, ки арзишҳои баланди антропометрӣ доранд ва нақшҳои L дар гуруҳи шахсонеро, ки арзишҳои хурди антропометрӣ доранд, муайян мекунанд. Дар байни нишондодҳои дерматоглификӣ ва антропометрӣ омори назарраси амиқ (p<0,05) бо коррелятсияи хаттӣ мушоҳида карда мешавад.

Хулоса. Дар натиҷаи тадқиқот, хусусияти тасвирии нишондодҳои асосии дерматоглификӣ ва антропометрии ҷавонписарон ва ҷавондухтарони нисбатан солим (баландкӯҳ, миёнакӯҳ ва доманакӯҳ), ки дар минтақаҳои гуногуни иқлимӣ ва ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, дода шудааст. Маълум шуд, ки фарқияти намудҳои гуногуни нақшҳои папиллярӣ зиёд мебошад ва онҳо аз натиҷаи гуногуни мутобиқатшавӣ ба шароитҳои гуногуни иқлимӣ ва ҷуғрофӣ вобастаги доранд. Маълумотҳои тағирёбии нишондодҳои дерматоглификӣ ва антропометриро метавон ҳамчун стандарти нишондиҳандаи рушди муътадил (конститутсия) барои писарон ва духтарони аз синни 17-21 солаи минтақаҳои мазкур истифода бурд. Илова бар ин маълумотҳои овардашуда дар таҷрибаҳои судӣ-тиббӣ ва криминалӣ барои муайян кардани шахсият арзишманд ҳисобида мешаванд.

Калимаҳои асосӣ: дерматоглифика, антропометрия, минтақаҳои иқлимию географӣ, донишҷӯён


Саҳифаҳо: 481-487


Мақола

Scroll Up
%d bloggers like this: