УДК 616.36-002.1;616.36-008.64 doi: 10.31712/2221-7355-2018-8-4-401-407

ОМИЛҲОИ ПЕШГЎИКУНАНДАИ ЗИНДАМОНИИ БЕМОРОНИ ШАДИД ДАР ЗАМИНАИ НОРАСОИИ МУЗМИНИ ҶИГАР

АВЕЗОВ С.А., АЗИМОВА С.М., АБДУЛЛОЕВ М.Х., ОДИНАЕВ Р.И., ҒАНИЕВ Б.

МД «Пажўҳишгоҳи гастроэнтерология»-и ВТ ва ҲИА ҶТ


Мақсади тадқиқот. Омӯзиши давомнокии ҳаёт, фавт ва омилҳои пешгӯикунандаи зиндамонии беморони гирифтори сиррози ҷигари (СҶ) ҳангоми норасоии шадиди ҷигар дар заминаи норасоии музмини ҷигар (НМШҶ).

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Таҳти мушоҳида 310 беморони CҶ, ки ба 3 гурӯҳ тақсим карда шуданд, қарор доштанд: 1 – беморони CҶ бе зафъ (ББЗ); 2 – беморони СҶ зафънок, вале бе норасоии узвият (БЗ); 3 – беморони CҶ бо норасоии шадиди ҷигар дар заминаи норасоии музмини ҷигар. Аз 310 беморони сиррози ҷигар дар 48 нафар аломатҳои клиникии норасоии умумии музмин (НУМ) дида мешавад. Дар 16 беморон CҶ дар марҳилаи ҷубронӣ (МҶ), дар 146 – дар марҳалаи бе зафъӣ (ББЗ) буд. Дар ҳамаи се гурӯҳ мардон бартарӣ доштанд. Беморони гирифтори НШМҶ нисбат ба беморони ББЗ ҷавонтар буданд.

Натиҷаҳо. Ҳангоми НШМҶ бештар сиррози машруботӣ (10,4% муқобили 6,1% ҳангоми ББЗ) мушоҳида шуд. Ҷуброни пештара дар 34,9% беморони ББЗ ва 37,5% -и гирифтори НШМҶ мушоҳида карда шуд. Фавтнокии 28-рўза дар 4,8% беморони зафъноки СҶ бе НШМҶ ва 18,9% -и беморони CҶ бо НШМҶ муайян гардид. Фавтнокии 90 рӯза дар беморони CP бо НШМҶ 50 фоизро дар муқобили 11,6% беморони CҶ бе НШМҶ нишон дод. Зиндамонии шашмоҳа ҳангоми вусъатёбии зафъи шадид бо норасоии узвӣ ҳамагӣ 33,3% буд. Давомнокии миёнаи умри беморони СҶ бо НШМҶ ҳамагӣ 136,65±18,96 рӯзро ташкил дод.

Хулоса. Омилҳои пешгӯикунандаи зиндамонии беморони бо CҶ бо НШМҶ ба ҳисоб мераванд: миқдори узвҳо бо норасоиҳо, нишондодҳои CLIF-SOFA ва моделҳои марҳалаи терминалии бемории ҷигар бо ҳисоби Чайлд-Пью, дараҷаи омоси ҷигарӣ, лейкотситоз, гипербилирубинемия, гиперкреатинемия ва баландшавии МБМ. Ассотсиатсияи НШМҶ бо фавтнокии баланди кўтоҳмуддат муқаррар карда шуд.

Калимаҳои асосӣ: сиррози ҷигар, норасоии шадиди ҷигар дар заминаи норасоии музмини ҷигар, давомнокии умр, омилҳои пешгўикунда


Саҳифаҳо: 401-407

Мақола

Scroll Up
%d bloggers like this: