УДК 616.1:616.44; 615.844.4 doi: 10.31712/2221-7355-2018-8-4-426-436

ТАБОБАТИ БИОРЕЗОНАНСӢ ДАР ФАЪОЛГАРДОНИИ ЗАХИРАҲОИ ВАЗОИФИИ ОРГАНИЗМИ БЕМОРОНИ ГИРИФТОРИ ГИПОТИРЕОЗ

КИРЯНОВА В.В., ВОРОХОБИНА Н.В., МАХРАМОВ З.Х., ТУРСУНОВ Р.А.

Донишгоҳи давлатии тиббии Шимолу Шарқии ба номи И.И. Мечников, Санкт-Петербург, Россия


Мақсади тадқиқот. Асоснок намудани истифодаи табобати биорезонансӣ (ТБР) дар раванди фаъолгардонии захираҳои вазоифии организми беморони гирифтори гипотиреоз.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Дар таҳқиқот 150 беморони мубталои гипотиреози аввала синни аз 20 то 60 сола фаро гирифта шуданд, ки онҳо ба се гурӯҳи ба ҳам муқоисашаванда 50 нафарӣ тақсим карда шуданд. Ба гурӯҳи асосӣ ба таври илова ба табобат бо дору ТБР таъйин карда шуд. Беморони гурӯҳи дуюм, яъне санҷишӣ фақат табобат бо дору ва гурӯҳи сеюм (платсебо) табобат бо дору ва вонамудкунии амали ТБР. Беморони гурӯҳи асосӣ дар муддати 12 рӯз табобати биорезонансиро гирифтанд.

Натиҷаҳо. Арзёбии интегралии нишондиҳандаҳои Т4-озод, ТТГ, АТ-ТПО и АТ-ТГ баъди табобат имкон медиҳад, ки аз бартарии табобат бо истифодаи нурҳои биорезонансӣ дар беморони гурӯҳи асосӣ чи дар фосилаи то 3 моҳ ва то 6 моҳ гувоҳӣ медиҳад. Гурӯҳи платсебо бошад аз гурӯҳи санҷишӣ бартарӣ дорад, вале аз гурӯҳи асосӣ қафо мемонад. Дар гурӯҳи асосӣ дар қиёс бо гурӯҳи санҷишӣ ва платсебо, нишондиҳандаҳои таркиби минералии мӯйи сар (Ca, Zn, Se, J, Fe) дақиқан (p<0,05) беҳтар шуданд. Баъди ТБР дар беморони гурӯҳи асосӣ дар қиёс бо гурӯҳҳои якум ва дуюм, нишондиҳандаҳои шикоят, сифати зиндагӣ (SF-36), изтироб ва ғамгусорӣ дақиқан (p<0,05) беҳтар шуданд.

Хулоса. Натиҷаҳои ҳормоналӣ, таркиби минералии мӯйи сар, сатҳи шикояти беморон, сифати зиндагӣ, изтироб ва ғамгусории бадастомада аз асоснок истифода намудани ТБР дар табобати беморони гипотиреоз шаҳодат медиҳанд. Бинобар ин ТБР бо фаъолнок намудани захираҳои вазоифии организм хурӯҷ наёфтани устувори беморӣ мусоидат менамояд.

Калимаҳои асосӣ: гипотиреоз, табобати биорезонансӣ, тироксини озод, ҳормони тиреотропӣ, таркиби минералии мӯйи сар, сифати зиндагӣ, изтироб, ғамгусорӣ


Саҳифаҳо: 426-436

Мақола

Scroll Up
%d bloggers like this: