УДК 616.514-036.12 doi: 10.31712/2221-7355-2018-8-1-38-43

ТАКМИЛИ ТАБОБАТИ БЕМОРИИ САГЛЕСИ МУЗМИНИ ТАСОДУФӢ

ҚОСИМОВ О.И., МУНИЕВА С.Х.,
ҚОСИМОВ А.О., ШАМСИЕВА М.У.

Кафедраи дерматовенерология бо курси косметологияи ДТИБКСТ ҶТ
Маркази шаҳрии бемориҳои пӯсту зуҳравии ш. Душанбе


Мақсади таҳқиқот. Омӯзиши манфиатнокии истифодаи сертоспан дар табобати бемории саглеси музмини тасадуфӣ.

Мавод ва усулҳо. Ташхиси 48 бемори саглеси музмини тасодуфӣ (мардон 20 (41,7%), занон 28 (58,3%) дар синни аз 17 то 53 сола, ба ҳисоби миёна 34,7±1,4 сол) гузаронида шуд. Давомнокии беморӣ аз якчанд моҳ то зиёда аз 8 сол (ба ҳисоби миёна 3,5±0,4сол) тул мекашад. Дар 10 (20,8%) нафар беморӣ ба намуди авҷгирии ҳамарӯза ифода ёфта, дар 26 (54,2%) бемор дар як ҳафта чанд маротиба такрорёбии беморӣ, дар 6 бемор (12,5%) – на камтар аз як маротиба дар давоми ҳафта, дар 6 бемори дигар (12,5%) – 2-3 маротиба дар як моҳ. Сертоспан в/м 1,0 мл 1 маротиба 12-14 рӯз истифода гардида, давраи табобат 2-3 маротиба. Усулҳои таҳқиқот: клиникӣ, оморӣ.

Натиҷаҳо. Истифодаи сертоспан дар аксари беморони саглеси музмин натиҷаи мусбӣ дод: сиҳатёбии клиникӣ дар 25 бемор ба даст омад (52,1%), нисбатан беҳтар гаштани ҳолат – дар 14 бемор (29,2%), каме беҳтаршавӣ – дар 9 бемор (18,7%). Натиҷаҳои аълои минбаъдаи табобат (давомнокии хомушӣ то 3 моҳ) дар 16 (33,3%), хуб (давомнокии хомушӣ то 1 моҳ) – дар 22 (45,8%), қаноатбахш (хомушӣ то 2-3 ҳафта) – дар 10 (20,8%) бемор ба қайд гирифта шуд.

Хулоса. Сертоспан дар табобати беморони саглеси музмин натиҷаи хуб дод ва метавонаб дар амалия бо таври васеъ истифода бурда шавад.

Калимаҳои асосӣ: саглеси музмини тасодуфӣ, нишонаҳои беморӣ, сертоспан, табобат


Саҳифаҳо: 38 – 43

Мақола

Scroll Up
%d bloggers like this: