УДК 616.441;616.441-08(075.8) doi: 10.31712/2221-7355-2019-9-1-11-17

ТАВСИФИ МОРФОМЕТРИИ ПАРАМЕТРҲОИ ҶУЗЪҲОИ ҒАДУДИ СИПАРШАКЛ ҲАНГОМИ ҶОҒАРИ ПАҲНЁФТАИ ТОКСИКӢ

ДАВЛАТОВ И.А., ГУЛОВ М.Қ., ҚУРБОНОВ С.

Кафедраи анатомияи одами ба номи Я.А. Раҳимови ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Кафедраи ҷарроҳии умумии №1 ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино


Мақсади тадқиқот. Ошкор намудани намунаҳои асосии морфологӣ ва морфометрии ҷузъҳои ғадуди сипаршакл ҳангоми ҷоғари паҳнёфтаи токсикӣ.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Таҳлили морфометрӣ ва гистологии параметрҳои фолликулҳои ғадуди сипаршакл (ҒС) дар дар 14 нафар одамони солим, ки бар асари ҳодисаҳои нохуш фавтидаанд ва дар 22 бемори синни аз 36-60-солаи гирифтори ҷоғари паҳнёфтаи токсикӣ (ҶПТ) мардҳо 4 (18,2%), занҳо-18 (81,8%) гузаронида шуд.

Натиҷаҳо. Тағйиротҳои патоморфологӣ ҳангоми ҶПТ дар намуди ҷараёнҳои гиперпластикии эпители тиреоидӣ намудор мегарданд, ки нишондодҳои функтсионалӣ-морфологӣ доир ба азнавташкилдиҳии системаи фазоии сохтори фолликулҳои ҒС ҳангоми ҶПТ гувоҳи медиҳанд. Ҳамаи ин аз фаъолияти баланди функтсияи ҒС ва паҳншавии тиреотситҳо, инчунин паст шудани индекси ҷамъшавии коллоидҳо (нишондиҳандаи Браун) дарак медиҳад, ки дар натиҷа осеббинии сахти функтсияи ҒС ҳангомӣ ҶПТ ба амал меояд.

Хулоса. Меъёрҳои тасвиршудаи параметрҳои фолликулҳоро ҳангоми ҷоғари паҳнёфтаи токсикӣ метавон ҳамчун меъёрҳои миқдорӣ ва морфологӣ ҳангоми тадқиқоти ҒС истифода намуд.

Калимаҳои асосӣ: ғадуди сипаршакл, ҷоғари паҳнёфтаи токсикӣ, фолликулҳо, морфометрӣ, патоморфология


Саҳифаҳо: 12-17


Мақола

Scroll Up
%d bloggers like this: