УДК 612.13 doi: 10.31712/2221-7355-2019-9-2-199-208

АРЗЁБӢ ВА ПЕШГЎИИ СОЛИМИИ РЕПРОДУКТИВИИ ЗАНОНИ СИННУ СОЛИ ФЕРТИЛӢ

ҲАЛИМОВА Ф.Т., ШУКУРОВ Ф.А., НУРМАТОВ А.А.

Кафедраи физиологияи нормалии ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино


Мақсади тадқиқот. Омўзиши муносибати байни меъёрҳои интихобнамудаи лабораторӣ, ки хусуси- ятҳои генетикӣ, ҳолатҳои гормоналӣ ва иммунунӣ, нишонаҳои реаксияи зиддифосфолипидӣ барои арзёбӣ ва пешгўиҳои солимии репродуктивии занон доранд.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Мавриди мушоҳида 85 нафар занон қарор гирифтанд: 28 зан аз гуруҳи санҷишӣ, ки ҳомилаҳои қаблиашон бо таваллуди фарзандони солим анҷом ёфт; 57 занон бо нишонаҳои аворизҳои солимии репродуктивӣ (норасоии ҳомиладорӣ, таваллуди бармаҳал) дар синни аз 20 то 43 сола, дар давраи солҳои 2010 то 2015.

Арзёбӣ: басомади дучоршавии генҳои синфи HLA I ва генотипкунии намудҳои аллели синфи HLA II (мало- фаҳоии DҚB1, DQA1, DQB1), нишондиҳандаҳои ҳолати масуният, масунияти гормоналӣ ва масунияти аутомасунӣ, мутаносиб ба солимии репродуктивии занони синну соли фертилӣ.

Натиҷаҳо. Ҳангоми тадқиқоти гормонҳои ҷинсӣ, ҳолати вазифаҳои ғадуди сипаршакл, дараҷаи корти- зол дар хун ва мавҷуд будани нишонаҳои реаксияи антифосфолипидӣ дар асоси таҳлили кластерии гуруҳи хавфноки солимии репродуктивӣ ба ду кластер ҷудо карда шуд: якум бо дуршавии аз ҳолати гормонӣ ба тарафи пастшавии гормонҳои ҷинсӣ ва тироксин дар хун ҳангоми афзоиши аутоҷисмҳо ба ҷузъҳои ғаду- ди сипаршакл ва дараҷаи кортизол ва гуруҳи дуюм бо дуршавии аутоҷисмҳо ба тарафи реаксияҳои зидди фосфолипидӣ. Ин муқаррар менамояд, ки аворизҳо дар гуруҳҳои хавф монандӣ надоранд.

Хулоса. Таҳлили гузаронидашуда имконият медиҳад, ки ҳангоми мавҷуд будани нишондиҳандаҳои оз- моишӣ дар доираи меъёрҳои референсӣ, алоқамандии патологияи репродуктивиро бо тағйирёбии якчанд омилҳо ошкор намояд, ба монанди якдигарро пурзур мекунанд – дараҷаи гормонҳои ҷинсӣ дар хун, ҳо- латҳои вазифаҳои ғадуди сипаршакл, дараҷаи кортизол дар хун ва мавҷуд будани нишонаҳои реаксияҳои зидди фосфолипидӣ. Ин барои сари вақт баҳо додан ва пешбинии вайроншавии солимии репродуктивии занони синну соли фертилӣ дар давраи донозологӣ имконият медиҳад.

Калимаҳои асосӣ: ва пешгўиҳои солимии репродуктивии занон, таҳлили кластерӣ, ҳолати гормоналӣ, ҳолати масунӣ, реаксияи зиддифосфолипидӣ


Саҳифаҳо: 199-208

Мақола

Scroll Up