УДК 61 303.09:364-57 (575.3-191.2) doi: 10.31712/2221-7355-2019-9-2-164-171

АРЗЁБИИ ФАЪОЛИЯТИ МОДЕЛИ ТИББИИ БАРҚАРОРСОЗИИ МАЪЮБОН ДАР НАВОҲИИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ

МАҒЗУМОВА Ф.П., ҲАҚНАЗАРОВ С.Ш.,

АБДУРАҲИМОВ А.А., МАҲМУДОВА Р.И., ДЕВЛОХОВ С.С.

МД «Пажуҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон”

Хадамоти давлатии тиббӣ-иҷтимоии экспертизаи ш. Душанбе


Мақсади тадқиқот. Арзёбии фаъолияти модели тиббӣ-иҷтимоии барқарорсозии маъюбон дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ).

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Модели тиббии барқарорсозии маъюбон дар шаҳрҳои Турсунзода, Роғун, на- воҳии Файзобод ва Шаҳринав таҳлил карда шуд. Пурсиши 140 нафар маъюбон доир ба 55 саволномаҳои махсус тарҳрезишуда гузаронида шуд.

Натиҷаҳо. Маъюбон дар муассисаҳои тиббӣ – профилактикии макони истиқомат пурра ба назорати диспансерӣ фаро гирифта намешаванд ва чорабиниҳои табобатӣ ва солимгардонӣ дар сатҳи зарурӣ гузаро- нида намешаванд. Сатҳи дастрасии муассисаҳои тиббӣ аз сабаби нокифоягии базаи моддию техникӣ ва норасоии мутахассисони барқароркунанда паст мебошад.

Хулоса. Бо мақсади татбиқи Барномаи миллии барқарорсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 роҳбарони муассисаҳои тиббӣ-профилактикиро зарур аст, ки малакаҳои мутахассисон, аз ҷумла табибони оилавиро беҳтар намоянд, тренинги «Мизҳои мудаввар» ё семинарҳо оид ба масъалаҳои салоҳият, меҳрубонӣ ва муносибатҳои байниҳамдигарӣ бо беморони маъюбро гузаронанд, барои гузарони- дани чорабиниҳои  офиятбахшӣ ва солимӣ барои маъюбон  шароитҳо фароҳам оранд.

Калимаҳои асосӣ: маъюбӣ, кўдакон, экспертизаи тиббӣ – иҷтимоӣ, муассисаи тиббӣ- профилактикӣ, кумаки авалияи тиббӣ- санитарӣ


Саҳифаҳо: 164-171

Мақола

Scroll Up
%d bloggers like this: