УДК 61:364-57 (575.3-191.2) doi: 10.31712/2221-7355-2019-9-1-25-31

АРЗЁБИИ МОДЕЛИ ИҶТИМОИИ БАРҚАРОРШАВИИ МАЪЮБОН ДАР НАВОҲИИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ

МАҒЗУМОВА Ф.П., ҲАҚНАЗАРОВ С.Ш., АБДУРАҲИМОВ А.А.,

МАҲМУДОВА Р.И., ДЕВЛОХОВ С.С.

МД «Пажуҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон»-и ВТ ва ҲИА ҶТ

Хадамоти давлатии экспертизаи тиббӣ-иҷтимоии ш. Душанбе


Мақсади тадқиқот. Гузаронидани таҳлили фаъолияти модели тиббӣ-иҷтимоии барқароршавӣ, беҳдо­шти иҷтимоӣ-касбии маъюбон, талаботи одамони имконияташон маҳдуд ба намудҳои гуногуни ҳиф­зи иҷтимоӣ дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ. Дар асоси нишондодҳои бадастоварда таъсис додани системаи илмӣ-асосноки экспертиза ва барқароршавии маъюбон дар шароити иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Таҳлили нишонндиҳандаҳои асосии фаъолияти ҳаёти 140 маъюбон дар ҳамаи се давраи барқароршавӣ аз навоҳии тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

Пурсишномаи махсус таҳияшуда, ки 55 саволҳои мақсаднокро дар бар мегирифт, истифода гардид. Ба­рои таҳлили фаъолияти модели иҷтимоии барқароршавӣ дар пурсишнома 16 саволи мақсаднок дар ҳар қисмат ҷудо шуда буд.

Натиҷаҳо. Қисми зиёди маъюбони пурсидашуда ба гуруҳи камбизоатон дохил мешаванд, зеро бо нафақаи ҳадди ақал ва бе даромади иловагӣ зиндагӣ доранд. Ба ин сабаб ногузирии қабули қарор доир ба зиёд ва са­ривақт расонидани кўмакҳои иҷтимоӣ пеш меояд. Мавҷуд будани ҷойи кор барои шахси маъюб омили зарурӣ ба ҳисоб меравад, зеро 71% ташхисшудагон нафарони синну соли корӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ҳамаи пурсидашудагон ҳамагӣ 41% метавонанд худро таъмин намоянд, 78 % бошанд ба кўмаки иҷтимоӣ эҳти­ёҷ доранд.

Хулоса. Инфрасохтори модели иҷтимоии барқарорсозии одамони имконияташон маҳдуди дар ҷумҳурӣ амалакунанда беҳбудии минбаъдаро талаб мекунад. Барои ҳалли ин мушкилот бозомўзии касбии маъбон бо имкониятҳои ба кор таъмин намудан зарур аст.

Калимаҳои асосӣ: маъюбӣ, кўдакони маъюб, барқароршавии тиббӣ-иҷтимоӣ, модели иҷтимоӣ


Саҳифаҳо: 25-31


Мақола

Scroll Up