УДК 616-002.772;616.126.42 doi: 10.31712/2221-7355-2019-9-4-380-386

АРЗЁБИИ УМУМИИ НУҚСОНҲОИ ТАРБОДИИ ДИЛ ДАР МАРҲИЛАИ СТАТСИОНАРӢ

ҚУРБОНОВА Ф.У., ШУКУРОВА С.М., РАҶАБОВА Г.М.

Кафедраи бемориҳои дарунӣ ва кардиоревматологияи МДТ ДТБКС ҶТ


Мақсади тадқиқот. Омӯзиши паҳншавӣ, басомад, омилҳои хатар ва аворизҳои нуқсонҳои тарбоди дил (НТД), дар сохтори бемориҳои тарбодӣ (БТ).

Мавод ва усулҳо. Таҳлили ретроспективии ҳуҷҷатҳои тиббии (n-352) беморон дар солҳои 2013-2015 гузаронида шуд. Ҳисоботи омории фаолияти терапевтии Маркази миллии тиббӣ дар 10 соли гузашта (солҳои 2006-2015) омӯхта шуда, шумораи умумии беморони бистаришуда бо бемориҳои тарбодӣ ва ваз­ни хоси беморон бо нуқсонҳои тарбодии дил ба сохтори умумии бистарикунонӣ ва натиҷаҳои он таҳлил карда шуд. Таҳлили таърихи бемориҳо тибқи харитаи махсус таҳияшуда гузаронида шуд, ки ба он ху­сусиятҳои демографӣ (ҷинс, синну сол, пайдоиши иҷтимоӣ), анамнестикӣ, клиникӣ, инструменталӣ ва лабораторӣ дохил карда шуданд.

Натиҷаҳо. Ҳамагӣ 352 бемор бо нуқсонҳои тарбодии дил ба қайд гирифта шуд. Иллати дарѓоти ми­тралӣ дар 188 бемор ҷой дошта, аз онҳо стенози дарѓоти митралӣ-69, норасогии дарѓоти митралӣ-47 ва иллатҳои омехтаи дарѓоти митралӣ дар 72 бемор ҷой дошт. Дар 141 бемор иллатҳои омехтаи дарѓотҳои митралӣ ва аорталӣ ва дар 23 бемор иллатҳои омехтаи дарѓоти аорталӣ мушоҳида шуд.

Дар қисми зиёди беморони нуқсонҳои тарбодии дил дошта омилҳои мусоидаткунандаи ангина 65%, сар­мозанӣ 50%, фаолияти барзиёди физикӣ 38% ва БШВРН 47% ҷой доштанд. Дар 25,6% ҳолатҳо беморон саршавии бемориро бо валодат, ҷарроҳӣ ва хуруҷи бемориҳои ҳамрадиф вобаста мекарданд. Дар 10,8% ҳолатҳо сабаби пайдоиши беморӣ муайян карда нашуд.

Дар 340 бемори назоратӣ (96,5%) ин ё он марҳилаи НМД (норасогии музмини дилӣ) мушоҳида шуд: бо марҳилаи якуми НМД (27,3 %), бо марҳилаи дуюми НМД (61,7 %), бо марҳилаи сеюми НМД 36 бемор ва бо марҳилаи чоруми НМД ҳамагӣ дар 2 бемор.

Хулоса. Дар сохтори бемориҳои тарбодӣ иллати дарѓоти митралӣ дар қисми зиёди беморон 93,4% ва ҳамзамон марҳилаҳои гуногуни НМД бо иллатнокии дарѓотҳо дар 96,7% беморрон мушоҳида гардид. Нуқсонҳои тарбодии дил коморбиднокии баланд (69,6%) ва оризаҳои гуногун доранд. Аз он ҷумла, дар қисми бештари беморон (59,4%) вайроншавии назми дил бо намуди фибрилятсияи даҳлезӣ ва экстра­систолияи меъдачавӣ мушоҳидагардид.

Калимаҳои асосӣ: нуқсонҳои тарбодии дил, норасогии музмини дил, омилҳои хатар, коморбиднокӣ


Саҳифаҳо: 380-386


Мақола

Scroll Up