УДК 616-093/-098 doi: 10.31712/2221-7355-2020-10-1-30-35

БАҲОДИҲИИ МЕЪЁРҲОИ САМАРАБАХШИИ ТАБОБАТ ВА ИСЛОҲИ КАМХУНӢ ДАР БЕМОРОНИ МАРҲИЛАИ ТЕРМИНАЛИИ БЕМОРИИ МУЗМИНИ ГУРДА ДОШТА ДАР ДАВРАИ ОМОДАСОЗИИ ПЕШАЗҶАРРОҲӢ БА ПАЙВАНДСОЗИ

МУРОДОВ А.М., ДОСТИЕВ У.А., ДОСТИЕВ А.Р.,

САФАРОЗОДА А.М., МУРОДОВ А.А., 3ШУМИЛИНА О.В.

Кафедраи тибби эфферентӣ ва муолиҷаи интенсивии МДТ ДТБКСТҶТ

Кафедраи ҷарроҳии инноватсионӣ ва трансплантологияи МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

МД «Маркази илмии шаҳрӣ оид ба эҳё ва детоксикатсия» -и РТ ш. Душанбе


Мақсади тадқиқот. Муайян кардани хусусиятҳои табобати гемодиализӣ, арзёбии камхунӣ ва ислоҳи он дар беморони марҳилаи терминалии бемории музмини гурда (МТБМГ) дошта дар Ҷумҳурии Тоҷи­кистон.

Мавод ва усулҳо. Объекти тадқиқот 100 бемори марҳилаи 5 БМГ, аз он ҷумла 56 (56%) мардон ва 44 (44%) занон бо синни миёнаи 38,5 ± 3,8 сола буданд. Вобаста ба дараҷаи хатари иммунологии радшавии шадид пеш аз трансплантатсия беморон ба 3 гурўҳ тақсим карда шуданд. Дараҷаи хатари иммунологӣ бо мутобиқати антигенҳои HLA ва шумораи антиденаҳои қаблӣ (PRA) арзёбӣ карда шуд.

Натиҷаҳо. Дар 39% беморон камхунии сабук, дар 32% – мўътадил ва дар 29% – шадид ба қайд гирифта шуд. Танҳо 19% беморон миқдори эритропоэтинро гирифтанд, ки ба меъёрҳо мувофиқ буданд, боқимон­даҳо дар 81% вояи он норасоиро қонеъ накарданд: 53%-и онҳо аз 4000 IU, 28% – 2000 IU эритропоэтин гирифтанд. Шумораи сеансҳои табобатии ивазкунанди гурда (гемодиализ) (ГД) дар 25.0% беморон -3, дар 25% – 2 ва дар 50% – 1 дар як ҳафта як сеанси ГД буд. Перфузияи мувофиқи хун дар ҳаҷми 70-80 л ҳангоми сессияи гемодиализ танҳо дар 21,0% беморон дастрас буд, ки ин ба хусусиятҳои дастрасии рагҳо алоқаманд аст.

Хулоса. Бо сабаби гаронии арзиши сеанс ва сатҳи пасти ҳолати моддӣ беморон ба се сеанси зарурии гемодиализ дастрасӣ надоранд ва ин ба натиҷаи трансплантатсия таъсири манфӣ мерасонад. Аксари беморон, инчунин, миқдори зарурии эритропоэтинро намегиранд, онҳо дар марҳилаи омодагӣ ба транс­плантатсия ислоҳоти дурусти камхуниро қабул намекунанд.

Калимаҳои асосӣ: табобати гемодиализ, камхунӣ, бемориҳои музмини гурда, трансплантатсия, ислоҳ


Саҳифаҳо: 30-35

Мақола

Scroll Up