УДК 618.2-06:616.379-008.64 doi: 10.31712/2221-7355-2020-10-1-36-43

ЧОРАБИНИҲО ОИД БЕҲТАР НАМУДАНИ ТАШХИС ВА РАВАНДИ ЗАНҲОИ ҲОМИЛА БО ДИАБЕТИ ҚАНДИ ГЕСТАТСИОНӢ

ПИРМАТОВА Д.А., ДОДХОЕВА М.Ф.,

ПАРХОФЕР К.Г., ҲАҚНАЗАРОВА М.А.

Кафедраи акушерӣ ва гинекологии №1 МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино»

Клиникаи тиббии дар назди донишгоҳи Людвиг Максимиллиани Мюнхен


Мақсади тадқиқот. Таҳия ва татбиқ намудани маҷмӯи чорабиниҳо оид ташхис ва раванди занони ҳо­мила бо диабети қанди гестатсионӣ (ДҚГ).

Мавод ва усулҳо. Таҳти назорат 137 зан қарор доштанд. Синну сол мутаносибан аз 18 то 40 солро таш­кил дод. Ташхиси ДҚГ дар асоси ТДГТ бо истифодаи 75 г глюкозаи анидрозӣ дар 24-28 ҳафтаи ҳомиладорӣ гузошта шуд. Гурӯҳи асосӣ аз 74 зани ҳомила бо ДҚГ ва гурӯҳи муқоисавӣ аз 63 бе ДҚГ иборат буд. Ба ҳисоби миёна, ҳозир шудани аввалин зан ҳангоми ба қайд гирифтан ҳафтаи ҳомиладорӣ 13,2±5,9-ро ташкил дод, вазни миёнаи бадан – 59,5±9,0 кг буд. Нахусҳомила 24 зан, такрорҳомила- 113 занро ташкил доданд.

Натиҷаҳо. Миқдори миёнаи глюкоза ҳангоми дили наҳор, дар зарфи 1 ва 2 соат пас аз сарбории глюкоза дар гурӯҳи ДҚГ нисбат ба гурӯҳи муқоисавӣ (p<0,001) хеле баланд буд. Самаранокии ташхис 60,6% -ро ташкил дод. Нуқсҳои ҳомиладорӣ, ба монаанди қайкунии ҳомиладорӣ ва хавфи бачапартои нисбат ба гурӯҳи муқоисавӣ бештар дар гурӯҳи асосӣ дида мешуд. Дар гурӯҳи муқоисавӣ басомади баланди тавал­луди мустақили дар мӯҳлат, сатҳи паститаваллуд пеш аз мӯҳлат ва бурриши қайсарӣ, инчунин, фоизи пасти патологии перинаталӣ ошкор гардид.

Хулоса. Маҷмӯи чорабиниҳои коркардшуда оид ба ташхис ва раванди занҳои ҳомила бо ДҚГ, татбиқ на­мудани онҳо самаранокии чорабиниҳоро нишон доданд, алалхусус ба ташхиси саривақтии ДҚГ дар ҳамаи ҳомиладорон бо гузарондани СДГТ дар 24-28 ҳафтаи ҳомиладорӣ, ҷорӣ намудани он дар таҷриба ба паст­шавии паҳншавии бемории диабети қанд дар популятсия, нуқсҳои ҳомиладорӣ ва хатари инкишофёбии патологияи перинаталии вобаста ба бемории номбурда мусоидат намуданд.

Калимаҳои асосӣ: диабети қанди гестатсионӣ (ДҚГ), ҳомиладорӣ, ташхис, нигоҳубини пеш аз тавал­луд, натиҷаҳои перинаталӣ


Саҳифаҳо: 36-43

Мақола

Scroll Up