Китобхонаи АИТ ВТ ВА ҲИА ҶТ

Дар Муассисаи давлатии Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2012 инҷониб китобхонаи илмӣ фаъолият менамояд, ки тайи солҳо шумораи адабиётҳои илмию соҳавӣ, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои илмии ватанию хориҷӣ ҷамъ оварда шудаанд.

Академия аз соли 2014 сар карда ба маҷаллаҳои тақризшавандаи илмии ФР вобаста ба самтҳои фаъолияти муассисаҳои худ (ҷарроҳӣ, стоматология, дорусозӣ, гастроэнтерология, тибби профилактикӣ, ҷарроҳии кӯдакона ва педиатрия, акушерӣ, хун, урология, ва ғайра) обуна мешавад, ки дар китобхона маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд ва аз тарафи олимону аспирантон ва донишҷӯён истифода мешаванд. Инчунин маҷаллаҳои илмии соҳавии муассисаҳои илмии Академия гирд оварда шудаанд.

Почтаи электронии Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – amnmztj@gmail.com;

Китобхона бо китобу дастурҳои Пешвои миллат ва дигар васоити нашрӣ вобаста ба сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии кишвар таъмин мебошад ва саривақт онҳоро тдастрас менамояд.

Фонди китобхона аз ҳисоби васоити чопии Академия (маҷаллаи «Паёми Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон» ва Ҳисоботи мухтасар оид ба фаъолияти Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»), обуна ба маҷаллаҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ (ФР), рӯзномаҳои даврӣ ва маводи чопии муассисаҳои илмии он пурра мегардад.

Айни замон доир ба таъсиси китобхонаи электронӣ омодагиҳо сурат гирифтааст.

Аъзоёни китобхона аспирантон, докторантон ва унвонҷӯёни муассисаҳои Академия мебошанд.

Scroll Up