Сохтори АИТ ВТ ВА ҲИА ҶТ

Муассисаи давлатии «Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2009, № 494 бо мақсади таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти илмии сохторҳои соҳаи тандурустӣ, татбиқи дастовардҳои илми муосир ва усулҳои нави ташхису табобат дар амалияи тиббӣ таъсис дода шудааст.

Сохтори Академия аз шуъбаҳои тибби клиникӣ, тибби назариявӣ ва фармасевтӣ, аспирантура ва ҳамоҳангсозии тадқиқотҳои илмӣ ва илмӣ ташкилӣ иборат мебошад.

Роҳбарии Академияро президент, ду нафар ноиби президент, ки ба масъалаҳои тибби клиникӣ ва тибби назариявию фармасевтӣ назорат мебаранд,саркотиби илмӣ ва мудирони шуъбаҳо ба уҳда доранд.

Аъзоёни Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 нафар олимон иборат аст, ки 5 нафари онро аъзои пайваста (академикҳо) ва 8 нафари дигар аъзои вобаста мебошанд.

Академия дорои маҷаллаи «Паёми Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон» мебошад, ки дар он оиди самтҳои гуногун мақолаҳои ватанӣ ва хориҷӣ чоп мешаванд.

Вазифаҳои Академияи илмҳои тиб:

муайян намудани самтҳои асосии афзалиятдори тадқиқотии бунёдӣ дар соҳаи тиб;

– омода кардани олимон, мутахассисон ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии онҳо;

– мусоидат намудан ба тарғиби дастовардҳои илм ва густариши донишҳои илмии тиббӣ;

– доир намудани машваратҳои илмӣ барои муҳокимаи натиҷаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, анҷуманҳо ва конференсияҳо;

– тартиб ва баррасӣ намудани нақша ва барномаи гузаронидани анҷуманҳо, симпозиумҳо ва конференсияҳо;

– ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои тиббии хориҷи кишвар, иштирок дар чорабиниҳои илмии байналмилалӣ, муаррифӣ намудани дастовардҳои илми тибби кишвар;

– таҳлил ва пешниҳоди натиҷаҳои корҳои илмӣ барои истифодаи онҳо дар истеҳсолот.

Инчунин дар Академия Шӯрои табъу нашр барои баррасӣ ва ба чоп тавсия додани монографияҳои илмӣ, Комиссияи тиббӣ биоэтикӣ ва Комиссияи экспертӣ барои баррасии мавзӯҳои илмие, ки аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ карда мешаванд, амал мекунанд.

Scroll Up