УДК 616-084 doi: 10.31712/2221-7355-2019-9-2-209-214

ҲОЛАТИ ГИРИФТОРШАВӢ БА БЕМОРИҲО АЗ СИРОЯТҲОИ ДОХИЛИБЕМОРХОНАВӢ ВА СОХТОРИ ОН ДАР БАЙНИ БЕМОРОНИ ҶАРРОҲИШУДА

ЮНУСОВ И.А., ТАЛАБОВ М.С., РИЗОЕВ Х.Х.

Кафедраи  эпидемиологияи ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино


Мақсади тадқиқот. Муайян намудани дараҷа ва сохтори БСД дар беморон бо дахолатҳои статсионарӣ ва ҷарроҳӣ.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Бо усули тасодуфӣ ҳуҷҷатҳои тиббии 7510 бемор, ки солҳои 2010-2014 дар статсионарҳои ҷарроҳии ш. Душанбе табобати ҷарроҳӣ мегирифтанд, мавриди таҳлил қарор гириф- танд.

Натиҷаҳо. Омўзиши гирифторшавии беморони ҷарроҳишуда ва таҳлили гузаронидашуда имкон дод, ки 503 (6,7%) ҳолати оризаҳои фасодию септикӣ муайян карда шаванд.

Хулоса. Бемориҳои фасодию септикии беморони травматологӣ дар сохтори нозологияи Шуъбаҳои трав- матологӣ ҷойи муҳимро ишғол мекунад. Нишондиҳандаи мазкур аз нокифоягии гузаронидани чораҳои профилактикӣ-муолиҷавӣ, инчунин ҳолати тартиботи санитарию зиддиэпидемиологӣ дар статсио- нарҳои травматологӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Калимаҳои асосӣ: беморишавӣ, сироятҳои дохилибеморхонавӣ, эпидемиология


Саҳифаҳо: 209-214

Мақола

 

Scroll Up