УДК 616-001; 617-089.844 doi: 10.31712/2221-7355-2020-10-1-78-86

ҲОЛАТИ МУОСИР ВА ДУРНАМОҲОИ ИСТИФОДАИ ҲУҶАЙРАҲОИ АУТОЛОГӢ ДАР ҶАРРОҲӢ ВА ТРАВМАТОЛОГИЯ

ЮНУСОВ А.И., ШАЙМОНОВ А.Х., КАРИМЗОДА Б.Д.,

МУМИНҶОНОВ С.А., ҚУРБОНОВ С.Х.,

МАҲМАДҶОНОВ Б.К., ШАРИПОВ А.А.

МДТ ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино


Дар шарҳи адабиёти муосир маълумоти асосии имрўза дар бораи имконот ва дурнамои ис­тифодаи технологияи ҳуҷайра дар соҳаҳои гуногуни ҷарроҳӣ, аз ҷумла травматология нишон дода шудааст. Онҳо дар ҳолатҳои осеббинии андомҳо дар ҷарроҳии дилу рагҳо ҳангоми табоба­ти таъсири сўхтаҳо, торҳои асаби андомҳои болоӣ ва поёнӣ барои беҳтар кардани натиҷаҳои функсионалӣ ва эстетикӣ дар ин гурўҳи беморон истифода мешаванд. Маълумотҳои шарҳ дур­намои истифодаи технологияи ҳуҷайраро нишон медиҳанд, аммо аксар усулҳои имрўза пурра коркард нашудаанд ва таҳқиқоти иловагиро талаб мекунанд. Бархе мутахассисони муосир ис­тифодаи ҳуҷайраҳои аутологии худи беморро тавсия медиҳанд.

Пешрафтҳои охир имкон медиҳанд, ки ҳуҷайраҳоро аз худи бемор бидуни пунктсияи устухон ба даст овард. Технологияи ҷамъоварӣ ва истеҳсоли маводи ҳуҷайравӣ аз бофтаи равған ва ё та­вассути сентрифугализатсия ва истеҳсоли плазмаи аз тромботсит бой дурнамои махсус дорад. Ҳамаи ин барои ҷарроҳон ва травматологҳо дурнамои васеъро мекушоянд.

Калимаҳои асосӣ: технологияи ҳуҷайра, плазмаи аз троботсит бой, ҳуҷайраҳои бадан


Саҳифаҳо: 78-86

Мақола

Scroll Up