УДК 616.981.51.07.08 doi: 10.31712/2221-7355-2018-8-4-470-474

ХУСИСИЯТҲОИ КЛИНИКИИ СӮХТАНӢ ДАР КӮДАКОН ДАР ШАРОИТИ АФҒОНИСТОН

НИКБИН С.Х., РАҲМОНОВ Э.Р., ҒУЛОМОВА Н.М.

Кафедраи бемориҳи сироятии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


Мақсади тадқиқот. Омӯзиши ҷараёни шакли пӯстии бемории сӯхтанӣ дар кӯдакон дар шароити Афғонистон.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Тадқиқотҳои гузоронидашудаи дар беморхонаи ш. Ҳироти Ҷумҳурии исломии Афғонистон 59 кӯдаки гифтори намуди пӯстии сӯхтанӣ буданд. Аз онҳо писарон – 30(50,8%) ва духтарон – 29(49,2%) ташкил доданд. Ташхиси бемории сӯхтанӣ дар асоси усулҳои тадқиқотҳои клиникиву эпидемиологӣ, собиқаи беморӣ ва озмоишгоҳи гузошта шуд.

Натиҷаҳо. Дар асоси таҳқиқоти анҷомдодашудаи шакли пӯстии бемории сӯхтанӣ дар байни 59 кӯдакон бештар синну соли онҳо аз 6 то 10 (69,9%) ва аз 10 то 16 сола 18(30,5%) ташкил доданд, ки ҳамаи онҳо истиқоматкунандогони деҳот буданд. Аз рӯи маълумотҳои вогирӣ маълум шуд, ки сирояти кӯдакон дар 3,7% ҳуолатҳо дар мавриди ёрмандӣ ба ҳамлу нақли ҷорвои забҳшуда, дар 6,5% – ҳолатҳо ҳангоми коркарди муҳтовои шикамбаи чорво, 19,4% – ҳангоми коркарди гӯшт дар хона, 24,1% дар мавриди куштани ҷорво ва дар 28,7% – ҳолатҳо дар вақти коркарди муй ва пашми ҷорвои бемор сироят ёфтанд. Дар 10,2% – беморон собиқаи вогирӣ ошкор карда нашуд. Сабаби асосии сироятёбии кӯдакон дар Афғонистон барвақт ба кор шурӯъ кардан ва нигоҳбини ҳайвонот мебошад. Аз миқдори умумии кӯдакони бемор (59) ҷараёни сабук 4(6,8%), миёнаи вазнин 13(22%) ва вазнин 42(71,2%) буданд муқарар карда шуд. Вазнинии бемори дар байни кӯдакон вобаста аст аз ҷойгиршавии думбали захм бештар дар мавзеи гардан ва cap мебошад.

Хулоса. Бемории захми сӯхтанӣ дар байни кӯдакон, дар шароити Афғонистон хусусиятҳои хоси худро дорад. Ҷараёни бемори асосан дар байни кӯдакон вобаста ба ҷойгиршавии думбали захм бештар дар мавзеи гардан ва cap мебошад.

Калимаҳои асосӣ: Афғонистон, захми сухтанӣ, кӯдакон, аломатҳои сарирӣ, самаранокӣ


Саҳифаҳо: 470-474


Мақола

Scroll Up