УДК 618;14-006 doi: 10.31712/2221-7355-2019-9-2-193-198

ҶАНБАҲОИ ЭПИДЕМИОЛОГИИ ОМОСҲОИ БАДСИФАТИ ТРОФОБЛАСТИКӢ ДАР ЗАНОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

САТТОРОВА М.А., САНГИНОВ Д.Р.

МД «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и ВТ ва ҲИА ҶТ.

Кафедраи саратоншиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


Мақсади тадқиқот. Омӯзиши ҷанбаҳои эпидемиологии омосҳои бадсифати трофобластикӣ дар Тоҷи- кистон.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Нишондодҳои 224 бемор омӯхта шуданд. Дар байни онҳо беморони гириф- тори тудаи ҳубобшакли инвазивӣ 197 (87,9%), хориокарсинома 27 (12,1%) буданд. 130 (58%) беморон сокинони шаҳр, 94 (42%) – деҳот буданд. 92 зан (41%) дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, 86 (38,4%) – сокинони вилояти Хатлон, 38 (17%) Душанбе, 4 нафар беморони вилояти Суғд ва ВМКБ мебошанд. Дар байни онҳо тоҷикон 89,3% (200 нафар бемор) ва дигар миллатҳо (занони ӯзбек, русҳо, ва ғ.) – 10,7%. Хусусияти хоси беморон никоҳи бармаҳал мебошад, дар 49,1 фоизи беморон муносбати оиладорӣ дар синни 18 сола ва хурдтар аз он сар шудааст. Мувофиқи маълумот 100 (44,6%) занони бисёр зоянда буданд.

Натиҷаҳо. Маълумоти гирифташуда нишон медиҳад, ки дар натиҷаи омезиши эпидемияҳои омосҳои трофобластикӣ, хусусан дар солҳои охир тамоюли зиёд нишон медиҳад. Дар соли 2016, 41 (18.3%) пар- вандаҳои ОБТ дар соли 2007 10 (4,5%) ба қайд гирифта шуданд. Шумораи зиёди беморон дар давраи фаъ- олнокии занони 18-35 сола (184 нафар – 82%) мушоҳида мешавад. Синну соли миёнаи беморони ОБТ 25,2

± 3.1 солро ташкил медиҳад, барои хориокарсинома – 28 сол, барои тудаи ҳубобшакли инвазивӣ – 22 сол. Дар давраи омӯзишӣ аз 224 нафар беморон, 5 (2.2%) тоашон фавтиданд, дар солҳои гуногун – 2 аз решада- вонӣ ба мағзи сар (0,89%), сурохшавии танаи бачадон -1 (0.45%) ва хунравӣ – 2 (0.89) %) беморон. Таҳлили мазкур меъёри нисбатан баланд дорад, ки дар НТҶ ва вилояти Хатлон ва сатҳи камбизоатӣ дар ВМКБ нишон дода шудааст. Бо зиёдшавии шумораи ҳомиладорон ва исқоти ҳамл хавфи афзоиши ОБТ бештар мегардад. Камхунии алиментарӣ  ва махсусан норасоии оҳан дар 80% занон ба қайд гирифта шуд.

Хулоса. Омили хавфи пайдоиши ОБТ ба шумор меравад: синну соли репродуктивӣ (аз 18 то 56 сола), нуқтаи баланди беморшавӣ синну соли 18-35, никоҳи бармаҳал, ҳомиладории зиёд, таввалуд ва исқоти ҳамл.

Калимаҳои асосӣ: омосҳои бадсифати трофобластикӣ, эпидемиология, омилҳои хавф


Саҳифаҳо: 193-198

Мақола

Scroll Up