УДК 616-006.52:618.1 (575.3) doi: 10.31712/2221-7355-2019-9-2-180-187

ҶАНБАҲОИ ЭПИДЕМИОЛОГИИ ТАЪСИРИ ВАКТСИНАИ  ВИРУСИ ПАПИЛЛОМИ ИНСОН ДАР ПРОФИЛАКТИКАИ САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОН ДАР МИҚЁСИ ГЛОБАЛӢ ВА ТАВСИЯҲО ДОИР БА ИСТИФОДАИ ОН  ДАР ТОҶИКИСТОН

МИРЗОЕВ А.С., НАЗУРДИНОВ А.Б.

Кафедраи эпидемиология, гигиена ва ҳифзи муҳити зисти МДО «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

МД «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и ВТ ва ҲИА ҶТ

МДО «Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино


Мақсади тадқиқот. Омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ оид ба истифода намудани вактсинаи папилломи ин- сон (ВПИ) ва муайян кардани қобилияти қабули он дар шароити Тоҷикистон.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Ҳамаи маводҳои аз ҷониби Дафтари минтақавии ТУТ оид ба вактсинаи папилломи инсон дастрасшаванда, маводҳои семинари минтақавии ТУТ оид ба таҳкими системаҳои қабули қарор дар бораи эмкунӣ дар асоси нишондодҳои амалӣ (Копенгаген, Дания 14-17 майи соли 2018), инчунин шарҳи мақолаҳои чопшуда оид ба самаранокии пешгирии ВПИ, вазъияти эпидемиологии ВПИ ва таҷрибаи ворид намудани вактсинаи зидди ВПИ мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд.

Натиҷаҳо. Дар мақола тавсифи умумии ВПИ ва таъсири он ба инкишофи саратони гарданаки бачадон нишон дода шудааст. Рӯйхати бемориҳои вобаста ба намудҳои гуногуни ВПИ инъикос ёфтааст. Ошкор карда шуд, ки саратони гарданаки бачадон аксаран дар намуди чоруми маъмул дар байни занон дар саро- сари ҷаҳон ҷойгир аст. Дар соли 2012 530,000 ҳолатҳои нави бемории мазкур ба қайд гирифта шуд, ки ин намуд сабаби 7,5% ҳамаи фавти модарон дар байни занон мебошад. Аз рӯи арзёбии ТУТ зиёда аз 270,000 фавти солонаи гирифтори бемории саратони гарданаки бачадон дар 85% ҳолат дар кишварҳои рӯ ба ин- кишоф рух медиҳанд. Ин бемориро метавон бо роҳи пешгирии ваксинатсияи ВПИ, чунон ки танҳо 16 ва 18 намуди ВПИ боиси 70% саратони гарданаки бачадон мегардад, пешгирӣ намуд.

Хулоса. Омӯзиши ҷорӣ намудани вактсинаи зидди папилломаи инсон ба вазъи эпидемиологии саратони гарданаки бачадон дар занони зоянда ба таври назаррас таъсир мерасонад. Ба Гурӯҳи миллӣ техникии машваратӣ оид ба эмгузаронӣ тавсия дода шавад, ки масъалаи истифодаи вактсинаи ВПИ-ро дар Тақви- ми миллии эмкунӣ ҳаматарафа омӯзад.

Калимаҳои асосӣ: саратони гардани бачадон, вактсинаи ВПИ, тавсияҳо барои истифода дар Тоҷикистон


Саҳифаҳо: 180-187

Мақола

Scroll Up