ҶАНБАҲОИ КЛИНИКӢ-ГЕНЕТИКИИ САДАМАИ ИШЕМИКӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҒАНИЕВА М.Т., ҚОСИМОВА Д.У., ҲОШИМОВ Р.А., ИСОҚОВА М.Ҷ., ЗУУРБЕКОВА Д.П.

Кафедраи неврология ва асосҳои генетикаи тиббии ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино


Мақсади тадқиқот. Омўзиши таъсири генҳои системаи гемостаз ба хатари инкишоф в а хусусиятҳои ҷараёни бемории садамаи ишемияивӣ дар Тоҷикистон.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Натиҷаҳои тадқиқоти 64 нафар беморони тоҷикон) бо садамаи ишемиявӣ таҳлил карда шуд. Барои муайян намудани полиморфизми генетикии хатари инкишофи басташавии хун бо усули мубодилаи занҷири полимерзӣ (МЗП) маҷмўи реагентҳо истифода карда шуд.

Натиҷаҳо. Ҷузъҳои зерини намудҳои полиморфии генҳои таҳқиқшуда ошкор карда шуданд: -455G>A гени FGB + 1691G>A гени FV + 20210G>A гени FII – дар 4 беморон; -455G>A гени FGB + -675 5G>4G гени PAI-1 + 1565T>C гени ITGB3 – дар 8 беморон; -675 5G>4G гени PAI-1 + 807C>T гени ITGА2 + 1565T>C гени ITGB3 – дар 8 беморон; -455G>A гени FGB + -675 5G>4G гени PAI-1 – дар 12 беморон; -455G>A гени FGB + 1691G>A гени FV – дар 3 беморон; -675 5G>4G гени PAI-1 + 807C>T гени ITGА2 – дар 4 беморон; -675 5G>4G гени PAI-1 + 1565T>C гени ITGB3 – дар 5 беморон;1565T>C гени ITGА2 + 1565T>C гени ITGB3 –дар 6еморон; -675 5G>4G гени PAI-1 + 1565T>C гени ITGB3 – удар 1 бемор.

Хулоса. Ҷойгиршавии генетикӣ ва ҳолати басташавии хун дар инкишофи ишемияи шадиди мағзи сар дар беморони синну соли ҷавон ва миёнасол нақши муҳим мебозад.

Калимаҳои асосӣ: садамаи ишемиявӣ, омилҳои хавф, полиморфизми генетикӣ


Саҳифаҳо: 5-11


Мақола

Scroll Up