МАХЗАНИ ИЛМИ ТИБ ВА ЗОДАИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Муассисаи давлатии «Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурусти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 –сола шуд.

Дастовардҳои олимони тоҷик дар зарфи 10 солиБо мақсади таъмин намудани ҳамоҳангии фаъолияти муассисаҳои илмии соҳаи тандурустӣ, ворид намудани дастовардҳои ҳозиразамони илмӣ ва усулҳои нави ташхис ва табобат дар тибби амалӣ, сифатан беҳтар намудани нерӯи кадрӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 494 аз 31 августи соли 2009) Муассисаи давлатии «Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурусти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИТ ВТ) таъсис дода шуд. Имрӯз ин махзани илми тиб ва зодаи даврони истиқлол 10 –сола шуд.

Бояд қайд намуд, ки таъсисёбии АИТ ВТ бевосита ба иқдому ташаббуси созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад, ки барои дастгирии ворисони Синои бузург ва пешрафти илми тибби тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ такони ҷиддие ворид намуд.

Инчунин, дар доираи таъмин намудани иҷроиши «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», “Самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи тиб, тайёр намудани кадрҳо тадқиқотҳои илмӣ ва корҳои назаррас дар Академия идома доранд.

Олимони Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ қуллаҳои баланди илмро соҳиб гардида, дар баъзе нишондодҳо аз мамолики мутаррақӣ мондание надоранд.

Коркардҳои илмии нав, ошкор ва ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобати бемориҳои гуногун, вобаста ба талаботи замон ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмии соҳаи тиб бо истифода аз технологияи муосир дар самтҳои ҷарроҳии дилу рагҳо, гастроэнтерология, акушерӣ, тибби профилактикӣ, пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, стоматология, осебшиносӣ аз ҷумлаи он дастовардҳое мебошанд, ки дар муддати кутоҳ ба даст омаданд. Боиси ифтихор аст , ки бо заҳматҳои рӯзмарраи масъулини Академия робитаҳои илмӣ байни мамолики дуру наздик аз сари нав барқарор ва пайваста густариш меёбад.

Аз моҳи майи соли 2015 то ин ҷониб роҳбарии Академияи илмҳои тибро А.Ҷ. Ғоибзода ба уҳда дошта, фаъолияташро барои рушди самтҳои гуногуни илмию таҷрибавии соҳаи тиб, татбиқи барномаю стратегияҳои миллию давлатӣ, технологияҳои муосир, омодасозии мутахассисони илмии баландпоя ва дигар чорабиниҳои сиёсӣ равона намудааст.

Дар ин давра (соли 2015) Оинномаи Академия аз нав дида баромада шуда, мувофиқи талаботҳои нав оид ба илм, таҳсилот ва тандурустӣ ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Бо талошҳои зиёди раёсати Академия моҳи июни соли 2016 маҷаллаи “Паёми Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон” аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия эътироф гардид, ки он барои бештар нашр гаштани натиҷаҳои корҳои илмии олимони ватанӣ ва хориҷӣ мусоидат намуд. Бори аввал дар таърихи маҷаллаҳои тиббии ҷумҳурӣ барномаи “Антиплагиат” истифода бурда шуд, ки он барои дар сатҳи баланд офаридани асарҳои илмӣ замина гузошт. Соли 2018 маҷалла ба Ассотсиатсияи байналмиллалии маҷаллаҳо (PILA – Cross-Ref) шомил шуда, тибқи он ба ҳар як мақолаи нашршаванда рақамҳои махсуси муайянкунанда (Digital

Object Identification) гузошта мешавад. Ин барои зиёд шудани иқтибосоварӣ ба муаллифони ватанӣ мусоидати менамояд.

Моҳи майи соли 2016 байни Академия илмҳои тиб ва Маркази илмию амалии клиникавии “Ubbo-Emius-Clinic”-и Олмон ёддошти тафоҳум баста шуд, ки он барои бозомӯзии касбии мутахассисони тоҷик дар ин муассиса замина гузошт. Тибқи он гурӯҳи ҷарроҳон аз шаҳри Аурихи Олмон бо сарварии Войтек Йелен ҳамасола дар муассисаҳои илмии Академия амалиётҳои ниҳоят мураккабро иҷро намуда, ҷиҳати баланд бардоштани малакаи амалии олимони ватанӣ маърӯзаҳои гуногун ироа менамоянд.

2 августи соли 2017 дар шаҳри Москва байни Академияи илмҳои Федератсияи Россия ва Академияи илмҳои тибби ВТ ва ҲИА ҶТ бо иштироки президенти АИ ФР академик С.М. Алдошин ва президенти АИТ ВТ ва ҲИА ҶТ А.Ҷ. Ғоибов Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки он барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотии якҷоя бо олимони Россия ва дар амал татбиқ намудани онҳо мусоидат намуда, имконияти истифодабарии заминаи моддию техникии муасисаҳои АИ ФР барои олимони мо васеъ гардонид.

Давоми солҳои 2015-2018 Сессияҳои солонаи илмии Академия дар мавзӯҳои «Масъалаҳои мубрами гастроэнтерология ва гепатологияи муосир» (с. 2015), бахшида ба 90-солагии академик Ҳ.Ҳ. Мансуров бо иштироки нахустпрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ва дигар меҳмонони олимақом, «Технологияи инноватсионӣ дар ҷарроҳии дилу рагҳо ва гинекология» (с. 2016), «Об ва саломатии инсон» (с. 2017) ва “Вазъ ва дурнамои рушди истеҳсоли доруҳои ватанӣ” (с. 2018) баргузор гардида, масъалаҳои муҳими самтҳои номбурда муҳокима ва баррасӣ карда шуданд.

Баъд аз таъсис ёфтани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 дар назди он 3 Шӯрои

диссертатсионӣ дар соҳаи тиб таъсис дода шуд, ки дар онҳо то имрӯз 21 ҳимояи рисолаи илмӣ гузаронида шуд.

Моҳи сентябри соли 2016 дар назди Академия Кумитаи миллии биоэтикӣ таъсис дода шуд, ки ба болоравии нерӯи кормандон ва сатҳи корҳои илмӣ мусоидат менамояд. То имрӯз 14 ҷаласаи кумита баргузор гардида, ба 29 лоиҳа иҷозат дода шуд. Аъзоёни он дар семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербурги Федратсияи Россия ва ш. Душанбе ширкат варзиданд.

Аз соли 2017 Комиссияи ахлоқӣ оид ба пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон пурра ба зимаи АИТ вогузор карда шуд.

Соли 2018 доир ба иҷроиши Нақшаи кории Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академия Комиссияи махсус таъсис дода шуд, ки он назорати сифати патентҳои муассисаҳои илмиро ба ӯҳда дорад. Санҷиш нишон дод, ки дар муассисаҳои Академия дар зарфи 5 сол (2014-2018) 51 патент ба даст оварда шуда, қисми зиёди онҳо дар атибби амали истифода мегарданд.

Дар ин давра дар муассисаҳои илмӣ 42 ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, ки роҳбарият ва кормандони Академия барои дар сатҳи баланд барпо намудани онҳо нақши муҳим гузоштанд.

Дар доираи иҷроиши Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли ҷавонон», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 феврали соли 2017, таҳти №РП-833 тасдиқ гардидааст, 14 марти соли 2017 мизи мудаввар дар мавзӯи «Саҳми табибони ҷавон дар татбиқи технологияи муосир» баргузор гардид, ки дар он аспирантону олимони ҷавони соҳа маърӯзаҳои илмии худро ироа намуда, мавқеи худро дар пешрафти илми тиб муайян сохтанд.

Дар Академия Ҷоизаи «Олими ҷавони сол» таъсис дода шуд, ки ҳамасола ғолибони он бо диплом ва ҷоиза сарфароз карда мешаванд.

Яке аз чорабиниҳои асосӣ, ки дар сатҳи баланд баргузор карда шуд, ин нахуст Конгресси кардиологҳо ва терапевтони кишварҳои Осиё ва ИДМ буд, ки 26-27 апрели соли 2019 бо иштироки зиёда аз 700 иштирокчиён, аз ҷумла 69 вакил аз 18 мамлакатҳои дунё ва шунидани беш аз 150 маърӯза дар 16 симпозиум барпо гардид. Омодасозии маҷмӯи мақолаҳо ва барномаи конгресс ба зиммаи Академия вогузор гардида буд, ки аз ҷониби меҳмонони хориҷӣ хуб пазируфта шуд.

Раёсати Академия дар давоми солҳои 2015-2019 дар Комиссияи экспертӣ доир ба илмҳои тибби Сексияи илмҳои биологӣ, тиббӣ ва кишоварзии Шӯрои координатсионии КИТ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 43 лоиҳаи илмии муассисаҳои илмии тандурустиро мавриди баррасӣ қарор дод, ки аз онҳо 25 лоиҳа барои аз ҳисоби буҷаи мамлакат маблагғузорӣ шудан баҳои мусбӣ гирифтанд.

Бо мақсади шиносоӣ бо кори олимони соҳаи тиб ҳайати расмии олимони Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Германия, Хитой, Ҳиндустон ва Қазоқистон ба Академия ташриф оварда, бо Президент ва кормандони он мулоқот ва рушди ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар солҳои 2015 ва 2017 дар Форумҳои Ихтироъкорони занони ҷаҳон дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ва Форумҳои Ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон олимони муассисаҳои илмӣ ширкат варзида, 6 нафари онҳо бо медалҳои тилло, 3 нафар бо медали нуқра ва 4 нафар бо медали биринҷӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар давоми солҳои 2015-2018 дар муассисаҳои Академия тадқиқотҳои илмӣ аз рӯи 28 лоиҳаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, 11 лоиҳаи инноватсионӣ, 8 мавзӯҳои ташаббусӣ ва 3 мавзӯи аз ҳисоби гранти хориҷӣ давом ёфта тамоми онҳо дар самти амалисозии барномаҳои давлатию соҳавӣ равона шудаанд.

Дар доираи ҳамкориҳои илмии олимони Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи Академияи илмҳои тиб ва Институти физикию техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳи нави криодеструкторӣ ихтироъ гашта, зиёда аз 200 амалиёти чарроҳӣ бо истифода аз нитрогени моеъ дар ҷигар, талхадон ва ғадуди зери ҷигар иҷро намуданд, ки боиси коҳиш ёфтани авориз ва фавти беморон гардид.

Инчунин, дар ин давра дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон аввалин амалиёти пайвандсозии мағзи устухон иҷро карда шуда, пайвандсозии ҷигар ва гурда ба таври васеъ ба роҳ монда шуд.

Дар соли 2018 7 муассисаи илмӣ аз нав аз Аккредитатсияи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд. Бояд қайд намуд, ки аз соли 2018 қабул ба докторантураи аз рӯйи ихтисос – PhD шурӯъ гардида, ҳафт нафар нахустин тадқиқотчиён ба он қабул карда шуданд.

Ҳамин тариқ, дар солҳои 2015-2018 кормандони муассисаҳои АИТ 14 монография, 164 мақола, 353 фишурда ва 12 дастурамали методӣ нашр намуда, 51 патент ва 39 пешниҳоди навооварӣ барои ихтироот гирифтанд.

Scroll Up