МАЪРӮЗАИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ТИББИ ВТ ва ҲИА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН С.М. АҲМАДЗОДА ДАР СЕССИЯИ ИЛМӢ, БАХШИДА БА 10 – СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ АИТ.

МАЪРӮЗАИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИМуҳтарам раёсат, муҳтарам кормандони соҳаи илм, меҳмонони гиромӣ!.

Тоҷикистони азиз дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлол қарор дошта, ин муқаддасоти таърих ба ҳамагон муборак бошад. Дар раванди ҷаҳонишавии босуръат нигоҳи дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақозо намуд, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ (№ 494 аз 31 августи соли 2009) Академияи илмҳои тибби ВТ ва ҲИА ҶТ” таъсис ёбад. Имрӯз ин бунёдгоҳи илм 10 –сола мешавад.

Фаъолияти АИТ ва муассисаҳои илмии онбаҳри иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ, вохӯрии Пешвои миллат бо зиёиён, кормандони соҳаи тандурустӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ омада, равона гаштааст.

Инчунин олимони соҳаи тиб дар доираи таъмин намудани иҷроиши як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ “Барномаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар солҳои 2009-2015», «Стратегияи миллии солимии аҳолии ҶТ дар давраи солҳои 2010-2020», «Барномаи рушди инноватсионии ҶТ барои солҳои 2011-2020», «Стратегияи ҶТ дар соҳаи илм ва технология дар солҳои 2011-2015»,“Самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар ҶТ барои солҳои 2015-2020” КИТ намуданд.

АИТ ҳамоҳангии 14 муассисаи илмӣ, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ДТБКСТ ВТ ва ҲИА ҶТ таъмин намуда, дар ин ҷода фаъолияти илмии 142 доктори илм, аз ҷумла 5 Аъзои пайваста, 8 Аъзои вобаста ва 494 номзади илми тибро танзим менамояд.

КИТ аз рӯи 40 лоиҳаи илмии буҷавӣ, 7 лоиҳаи инноватсионӣ, 6 мавзӯъ аз ҳисоби гранти хориҷӣ ва 10 мавзӯи ташаббусӣ бурда мешаванд.

Дар ин муддат Сессияҳои солонаи илмии Академия дар мавзӯҳои мубрам, пайваста баррасӣ карда шуданд.

Маҷаллаи “Паёми Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон” соли 2011 созмон ёфта, соли 2016 аз ҷониби КОА ФР эътироф гардид. Дар Академия Кумитаи миллии биоэтикӣ, Комиссияи ахлоқӣ оид ба пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, Шӯрои табъу нашр амал мекунад.

Дар КОА назди Президенти ҶТ (с.2017) 3 Шӯрои диссертатсионии соҳаи тиб амал намуда, то имрӯз 21 рисолаи илмӣ ҳимоя гаштааст.

Ҳамин тариқ, дар солҳои 2011-2018 кормандони муассисаҳои АИТ 20 монография, 466 мақола, 605 фишурда ва 39 дастури методӣ нашр намуда, 57 патенти иттиолотӣ ва 82 пешниҳоди навоварона гирифта, 29 ҳимояи докторӣ ва 105 номзадӣ намуданд.

Бо фармони Комиссириати халқии тандурустии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистони соли 1931 Институти тропикӣ замоне ташкил мегардад, ки ҷумҳурии ҷавонро эпидемияи вараҷа, домана, инчунин бемории нағзак (оспа), фаро гирифта, дар баробари бемории ришта, лейшманиоз, бемориҳои шадиди рӯда сабаби фавти зиёди аҳолӣ мегардид. Соли 1993 ба Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон табдил меёбад. Аз соли 2014 директор доктори илми тиб С.П. Алиев мебошад. КИТ айни замон аз рӯи 4 мавзӯи буҷавӣ ва 5 мавзӯи ташаббусӣ давом ёфта, 9 доктор (1 академик) ва 11 номзади илм фаъолият менамоянд.

самтҳои асосии фаъолияти Пажӯҳишгоҳ мониторинг ва пешгӯии масъалаҳои вобаста ба саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад. Дар ин муддат 6 нафар ҳимояи рисолаи докторӣ, 9 нафар- номзадӣ намуда, 30 аспиранту унвонҷӯй фаъолияти илмӣ мебаранд.

Таълифи натиҷаи КИТ (монография-70, зиёда аз 300 мақола).

Дар назди Пажӯҳишгоҳ 138 курси такмили ихтисос барои тайёр намудани тренерон оид ба бехатарии биологӣ ташкил гашта, 290 нафар мутахассисони сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 12 нафар аз Давлати Исломии Афғонистон такмили ихтисос намуданд.

Хизматрасонии соҳаи саратоншиносӣ ба аҳолии кишвар таърихи пурифтихори 74- сола дошта, соли 1945 бо кушода шудани диспансери саратоншиносӣ шуруъ мегардад. Соли 1963 диспансери

саратоншиносии ҷумҳуриявӣ дар мавзеи Қарияи болои шаҳри Душанбе оғози фаъолият намуда, соли 1965 бори нахуст дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ курсҳои омӯзишии онкологӣ аз ҷониби олими барҷаста Бахтиёр Почомирович Аҳмадов роҳандозӣ мегарданд.

Соли 1966 Маркази ҷумҳуриявии клиникии саратоншиносӣ ва 07.09. 2007 МД «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» – и ВТ ва ҲИА ҶТ созмон меёбад.

Сохтори Марказаз 20 шуъбаву озмоишгоҳ буда, 235 кати табобатӣ фаъолият менамояд. Айни ҳол дар соҳаи саратоншиносӣ 9 доктор ва 17 номзад фаъолият дошта, 6 аспирант таҳсил менамоянд.

Дар маҷмуъ соли 2014 аз ҷониби кормандон 50 усули нави табобат ба беморон пешкаш гашта, 24 пешниҳоди навоварона мавриди истифода қарор мегирад.

дар 10 соли охир 6 нафар кори диссертатсионии докторӣ ва 10 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд.

Натиҷаҳои корҳои илмии кормандони Марказ дар 10 соли охир дар 112 мақолаву фишурда, 12 дастури методӣ, 5 монография, гирифтани 6 нахустпатент, 34 пешниҳоди навоварона дарҷ гаштааст.

Сайфутдинова М.Б. соли 2017 ғолиби ҷоизаи “Олими ҷавони сол” гашт.

Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологиянахустин ва яке аз бонуфузтарин муассисаи илмӣ-тадқиқотии соҳавии ИДМ ҳисоб ёфта, зери роҳбарии олими барҷаста, академик Ҳ. Ҳ. Мансуров аз соли 1965 фаъолият менамояд Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31 августи соли 2009 таҳти рақами 494 Пажӯҳишгоҳ ба системаи ВТ Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гашта, ҳамсоли АИТ мебошад.

Пажӯҳишгоҳ пайваста дар омӯзиши масъалаҳои мубрами гепатология ва гастроэнтерологияи ҷаҳонӣ пешоҳанг буда, ташхис ва табобати боэътимоди ин бемориҳоро ба аҳолӣ таъмин менамояд. Солҳои 2000-2013 директори институт академик Мироҷов Ғ.Қ. ва аз соли 2014 – доктори илми тиб Азимзода С.М. интихоб гардида, Пажӯҳишгоҳ дар омӯзиши ва ба роҳ мондани табобати боэътимоди гепатитҳои музмини В,С,Д,Е, сирроз ва саратони ҷигар, гипертензияи порталӣ, бемории чарбзеркунии ғайриалкоголии ҷигар, давраҳои аввали пайдоиши санги талха, бемориҳои ба H.pylori вобастаи қисми болоии узвҳои ҳозима нақши босазо мегузорад.

Пажӯҳишгоҳ соли 2019 дорои шаҳодатномаи муассисаи илмӣ гашта, 20 шуъбаву озмоишгоҳ ва 114 кати клиникӣ дорад.

Айни ҳол 43 корманд (9 доктори илм, аз ҷумла 1 академик, 1 Аъзои вобаста ва 27 номзади илм) бо аспиранту унвонҷӯён фаъолияти илмӣ мебаранд.

Бо фармони КОА Россия аз 23 сентябри соли 2015 дар назди “Пажӯҳишгоҳ” шӯрои диссертатсионӣ барои ҳимояи рисолаҳои номзад ва доктори илми тиб аз тахассуси 14.01.28 – гастроэнтерология фаълият менамояд.

Маҷаллаи Пажӯҳишгоҳ “Проблемы гастроэнтерологии” соли 2017 аз тарафи КАО ФР тақриз ва эътироф гаштааст.

Дар 10 соли охир 24 аспирант ва 2 докторант қабул гашта, 4 рисолаи докторӣ ва 9 рисолаи номзадии кормандон ҳимоя гашт.

Натиҷаи татқиқот дар 12 монография, 400 кори илмӣ, 216 мақола, аз ҷумла дар 154 маҷаллаи тақризшаванда ва 184 фишурда дарҷ гардида, 32 патенти иттилоотӣ гирифта шуд.

Омӯзиши бемориҳои музмини делта-вирусии ҷигар (HDV) нишон дод, ки (ҳамроҳшавии вируси HDV ба HBV сабаби ҷараёни вазнини гепатити музмин ва сиррози ҷигар гашта, ба пайдоиши карсиномаи гепатоселлюлярӣ мусоидат менамояд. Дар табобати сиррози ҷигар бартарӣ доштани энтекавир тасдиқ гашт.

Тадқиқот оид ба табобати гепатити музмини С маълум намуд, ки (Слайди19) ҷавоби устувори вирусологӣ ҳангоми истифодаи пегасис+рибавирин дар 64%, пегинтрон+рибавирин – 69% ва Вирпас (софосбувир ва ледипасвир) – 95% аст.

Олимони Пажӯҳишгоҳ намудҳои генетикии вируси гепатити В,D ва Е-ро муайян намуда, алгоритми ташхис ва табобат тартиб доданд.

Дар ин раванд таъсири зиддиситокинии пентоксифиллин дар беморони гирифтори сиррози ҷигар дар марҳилаи декомпенсатсия тасдиқ ёфт.

Омӯзиш нишон дод, ки фарбеҳӣ сабаби вайроншавии мубодилаи ангиштобҳо буда, сирояти H.pylori дар 85-90 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ ҷой дорад. Бактерия сабаби гастрити музмин, бемории захми меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта ва саратони меъда буда, нақшаи табобати муосири беморӣ коркард гардид. Дар ин самт дар баробари табобати консервативӣ ба 90% беморон ҷарроҳии узвнигаҳдор гузаронида шуд.

Дар давоми 10 соли охир аз ҷониби кормандони Пажӯҳишгоҳ зиёда аз 1000 амалиёти ҷарроҳии мавзеи гепатопанкреатобилиарӣ) иҷро гашта, ташхис ва табобати ҷарроҳии як қатор бемориҳо бори аввал дар кишвар ба роҳ монда шуд, аз ҷумла:

а) алвеококкози ҷигар; б) сили ҷигару талхадон ва ҒЗМ ; в) киста ва омоси азимҷуссаи шикам; г) меланомаи ҷигару фарбеҳии морбидӣ; д) ҷарроҳии эндовидеоии инсулиномаю бастани эндоскопии варидҳои сурхрӯдаю меъда; е) криоҷарроҳии бемориҳои шикам, криохолетсистэктомия; ё) описторхози ҷигар ва ғайра.

Оид ба лоиҳаи “Коркарди доруҳои ҳозиразамон дар асоси маводҳои шифобахши Тоҷикистон” доруи зиддивирусии «Гепатоман», «Ферубет», «Гастрофит», «Урсослит» ва “Фитазид” дар эксперимент гузаронида шуд.

Директори Пажӯҳишгоҳ Азимзода С.М. соли 2015 бо медали Хизмати Шоиста, мудири озмоишгоҳи клиникӣ Самандарзода Н.Ю. соли 2018 бо ҷоизаи Исмоили Сомонӣ ва 8 корманд бо медали тиллову Нишони фахрии Маркази патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гаштанд.

Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва педиатрии Тоҷикистон (Слайди29) соли 1980 созмон ёфта, соли 2008 ба Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон табдил дода шудааст.

Аз соли 2016 то инҷониб роҳбарии муассисаро н.и.т. Давлатзода Гулҷаҳони Қобил ба ӯҳда дорад. Дар муассиса 6 доктор, 37 номзади илми тиб фаъолият менамоянд.

Миёни солҳои 2003-2012 (Слайди31) Шӯрои диссертатсионии Пажӯҳишгоҳ дар назди КОА ФР амал намуда, 102 ҳимояи рисолаи номзадии соҳавӣ гузаронида шудааст. Моҳи сентябри соли 2017 дар назди КОА ҶТ Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз руйи ихтисос доир ба ихтисоси 6D110100 – «Тиб», барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз руйи ихтисоси 14.01.01. – Момопизишкӣ ва бемориҳои занона таъсис ёфта, то ҳол 12 нафар ҳимояи рисолаи номзадӣ намудаанд.

Фаъолияти илмии Пажӯҳишгоҳ дар 3 самти соҳа, аз ҷумла «Самтҳои муосири муҳофизат ва барқароршавии функсияҳои репродуктивӣ»…., равона карда шудааст.

Натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии Пажӯҳишгоҳ дар 710 мақола (Слайди33) ва фишурдаҳо, тавсияҳои методӣ, патенту пешниҳодотҳои ратсионализаторӣ дарҷ гардида, барои ҳимояи 33 рисолаи номзадӣ ва 6 рисолаи докторӣ имконият фароҳам овард.

Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 06.10.2011, №496 ташкил карда шудааст.

Аз соли 2016 сарварии муассисаро н.и.т. Раҳмонов Ҷамахон Аҳмадович ба ӯҳда дорад.

Дар Марказ 10 шуъбаву озмоишгоҳ, 120 кати табобатӣ ва 6 доктори илм (3 Аъзои вобастаи АИТ) 40 номзади илм, 17 аспирант фаъолият дошта, 6 лоиҳа иҷро гаштааст.

Дар давоми солҳои 2010-2019 дар марказ 6 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи докторӣ ҳимоя гашта, 10 монография, 200 мақола, 400 фишурда таҳия ва 34 патент гирифта шудааст.

Дар давоми даҳ соли фаъолият дар муассиса якчанд намуд амалиётҳои нави ҷарроҳӣ дар амал ворид карда шуданд, аз ҷумла:

Барои хизматҳои назаррас як қатор кормандон сазовори ҷоиза (слайди 38) гаштаанд.

Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №148 аз 3 марти соли 2014 таъсис дода шудааст.

Муассиса 2 доктор ва 5 номзади илми тиб дошта, табобат дар 60 кат гузаронида мешавад.

Аз соли 2016 то инҷониб сарварии муассисаро н.и.т. Рӯзиев Муродалӣ Меҳмондустович ба ӯҳда дорад.

Муассиса иборат аз 60 кат буда, иҷозати фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти иловагӣ ва баъдидипломии касбии тиббӣ дар самтҳои экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбонро (аз соли 2017) дорад.

Дар давраи фаъолият аз ҷониби ходимони илмӣ 140 адад дастурҳои методӣ, методию клиникӣ, таълимӣ, инчунин мақолаю фишурдаҳои илмӣ таҳия намуда, дар маҷмӯа ва маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар ба чоп расонидаанд .

Муассиса масъули амалисозии «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020», лоиҳаи “Баҳодиҳии тиббию иҷтимоии самарнокии тавонбахшии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 то 2019” ва «Роҳҳои беҳтаргардонии системаи тавонбахшии тиббию иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» мебошад.

Таъсиси Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй дастоварди соҳаи тандурустии замони соҳибистиқлолии ҶТ мебошад. Директор аз соли 2014 н.и.т. Қосимов Махмадулло Махмадиевич мебошад.

Дар Пажӯҳишгоҳ 2 доктор ва 15 номзади илми тиб фаъолият намуда, 4 нафар аспирант таҳсил менамоянд. Дар Пажӯҳишгоҳ 1 мавзӯи илмӣ-тадқиқотӣ «Таҳияи усулҳои инноватсионии пешгирӣ ва ташхиси бемориҳои ковокии даҳон» иҷро гашта, 17 патент ва 52 пешниҳоди навоварона гирифта шудааст.

Дар давраи солҳои 2014-2017 аз ҷониби кормандони Пажӯҳишгоҳ 34 мақолаи илмӣ, 1 монография, 1 китоби дарсӣ, 4 дастурамал ва дастури таълимӣ-методии «Нигоҳубин ва расонидани ёрии тиббӣ ба кӯдакони дорои роғи модарзодии лаби боло ва ком» чоп гардид.

Пажӯҳишгоҳ дар самти тақвияти ҳамкорӣ ва робитаҳои байналмилалии илмӣ фаъолияти худро бо Донишгоҳи ба номи И.В.Гёте (Германия), Шаҳидбиҳиштии Теҳрон (Эрон), тиббии Қазон (Россия), Қирғизистону Узбекистон ба роҳ монда, фаъолияти 1447 табиби стоматологро танзим менамояд. Иқтидори хадамоти ҷарроҳии ҷоғу рӯй дар ҷумҳурӣ 146 катро ташкил медихад.

Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон) , дар асоси фармони ВТ ҶТ № 214 аз 16.04.1997 сол ташкил карда шудааст.

Дар Марказ 9 номзади илм ва 7 корманди беунвон кор мекунад.

Тайи 10 соли фаъолият мутахассиони Марказ 3 монография, 4 дастури методӣ, 9 патент ( 7 нахустпатент, 2 Авруосиёгӣ), беш аз 155 мақола таҳия ва нашр кардаанд. 2 рисолаи докторӣ, 4 рисолаи номзади илмӣ дифоъ карда шуд.

4 мавзӯи илмӣ ба анчом расонида, 1 мавзӯъ оид ба интродуктсия то соли 2020 давом дорад.

таҳияи 14 мақолаи муваққатии фармакопейӣ ва 14 регламенти технологии истеҳсолот аз ашёи хоми растании камоли бадбуй;

коркарди регламентии истеҳсоли малҳам аз асоси бентонит ва равғани эфирии коккутӣ тартиб дода шуд.

Дар н. Данғараи вилояти Хатлон 4 номгӯи маводҳои фаъоли биологӣ: субстрати ҳинги сайёр, хокаи ҳинги сайёр, равгани ферула ва хокаи ферула дар ғилофак тайёр карда шуда, дар истеҳсолот ҷорӣ карда шуд.

истеҳсоли 7 номгӯи гиёҳи шифобахш ва қиёми кислотаи глитсиризинӣ; қиёми решаи ширинбияи хушк; хокаи “Тоҷхинг”, маҳлули ширинбия ва субстрати Асафоетид-50 оғоз гашт.

Аз Украина 26 номгӯи тухмии гиёҳҳои шифобахш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд ва коркарди гиёҳҳои шифобахши

маҳаллӣ дар н.Шуғнони ВМКБ ва н.Балҷувони Вилояти Хатлон ба роҳ монда шуд.

Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии илмии реаниматсия ва детоксикатсия” соли 2003 таъсис дода шудааст.

Марказ барои ёрӣ додан ба беморони заҳролудшавии вазниндошта (слайди51) равона гашта, аз 4 шуъба ва 29 кат иборат аст. Тозакунии экстракорпоралии мембранию сорбсионии хун, плазма, лимфа ва детоксикатсия амал намуда, 8 доктор ва 5 номзади илм фаъолияти илмӣ мебаранд. Дар ин раванд 156 мақолаву фишурда, ба табъ расида, 3 ихтироот ва 23 пешниҳоди беҳсозӣ тасдиқ гардидааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 482 аз 1 октябри соли 2008 Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона» ба роҳ монда шуд.

Дар Марказ 7 доктор, 6 номзади илм аз рӯи 4 мавзуъ фаъолияти илмӣ мебаранд. Омӯзиш нишон дод, ки 5,8% нуқсонҳо бо никоҳи хешу таборӣ мансуб буда, 41,3%-и бо осеби мағзи сар таваллудшудагон норасогии оксиген доранд. Ҳамзамон маълум гашт, ки фавти перинаталӣ, неонаталӣ, асфексияи навзодон -60%, осеби давраи таваллуд – 12%, нуқсонҳои модарзодии тифл – 8-10%, илтиҳоби шуш – 6-8%, бемориҳои гемолитикии навзодон – 4% аст.

Тайи 10 соли фаъолият мутахассисони Марказ 5 монография, 35 дастури методӣ, бештар аз 322 маколаҳои илмӣ, зиёда аз 30 мақолаҳои дар маҷалаҳои тиббии ИДМ чоп намуда, дар самтҳои мубрами соҳаи кӯдакона, ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ 2 рисолаи докторӣ ва 9 рисолаи номзади илмӣ дифоъ карда шуд. Сазовори гирифтани 12 патент мегарданд. Муассиса 2 Анҷуман, Конгресси педиатрҳо ва ҷарроҳони кӯдакона бо иштироки олимони зиёда аз 20 давлатҳои дунё ва зиёда аз 5 конфронсҳои илмӣ – амалӣ гузаронида, мавзуъҳои мубрами соҳаи кӯдакона мавриди баҳсу назар ва таҳлил қарор додааст.

Корманд Бакиева Г.Т. – н.и.т., мудири шуъбаи илм ва татқикот дар форуми Маркази Патенту иттилоотии ҶТ бо 3 «Медали Тилло» қадрдонӣ гаштааст.

Вазъӣ воқеии Марказ нишон медиҳад,ки Муассиса пойгоҳи клиникӣ надорад. Назорати кӯдакони аз модари ВНМОдошта таваллудшударо (250 кудак дар ш. Душанбе) бурдан наметавонад; то синни 18 моҳагӣ ин кӯдакон дар назорати 1 педиатр ё табиби тибби оилавӣ қарор доранду халос. Дар ҳоле,ки ин кӯдакон дар зери назорати кормандони варзидаи “Марказ” бояд қарор дошта бошанд. Бахши дигари ташвишовар ин Маркази тибби тропикӣ ҳисоб ёфта, аз таҳлилҳои гузаронидаи соли 2011-и “Марказ” бармеояд,ки 51% кӯдакон

гелминтоз дошта, норасоии витамини “Д” дар 56%, лоғарӣ- дар 12% ва 30%-и кӯдакони то 5 сола 3-5 гелминт доранд. Табобати ин қишри аҳолӣ ба души эпидемиолог ва табибони тибби оилавӣ гузошта шуда, “Марказ” аз болои он имконияти назорат бурданро надорад. Ҳамин гуна муносибат дар Маркази эмгузаронӣ ва дигар сохторҳои табобатӣ дида мешавад. Мониторинги кӯдак аз овони таваллуд то замони ба балоғат расидан тавассути Марказ бурда намешавад.

«Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1 июли соли 2010 таҳти № 344 ташкил меёбад.

Нахустин амалиёти пайванди гурда дар ҶТ соли 2009, ҷигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии профессор А.Р. Достиев 12 декабри соли 2012 хуб анҷом ёфта, саҳифаи нави таърихи тибби тоҷик оғоз гардад. Ин воқеаи фараҳбахш Осиёи Марказӣ иқдоми пешоҳанг ва тасдиқи ворисони шайхурраис будани табибони кишварро дорад. (Данғара,Хуҷанд). Беморон барои пайванди гурда ва ҷигар аз Қирғизистон, Узбекистон,…муроҷиат менамоянд. Муассиса соли 2017 бори нахуст дар табобати бемориҳои саратони хун амалиёти пайванди мағзи устухонро бомуваффақият анҷом медиҳад.

Таҷрибаи дар тӯли фаъолият бардошта аз 475 амалиёти пайвандсозии гурда, 46 ҷигар ва 6 пайванди мағзи устухон иборат буда, дар ин раванд воситаҳои детоксикатсияи экстракорпоралӣ васеъ истифода мегарданд.

Натиҷаҳоитадқиқот дар 27 мақола, 43 фишурда нашр, 1 патент гирифта мешавад. Исмоилзода С.С. соли 2018 ҳимояи рисолаи докторӣ менамояд.

Ҳангоми иваз намудани узв ва бофтаҳои инсон аз технологияи инноватсионӣ истифода менамоянд. Ба навбат шараён, варид ва найчаи пешоббарор васл кунонида мешаванд.

Амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар бо ду гурӯҳи ҷарроҳон шурӯъ гашта, ҷигари бемор ба пуррагӣ рафъ карда мешавад. Ба ин монанд нимаи ҷигар аз донор гирифта мешавад. Қисмати гирифташудаи ҷигар (СЛАЙДи62) коркарди раг ва маҷрои талхабарор гашта, ба ҷои ҷигари рафъгаштаи бемор пайванд мегардад. Пас аз 2-3 рӯзи пайванди ҷигар бемор ба реҷаи фаъол гузаронида мешавад.

Амалиёти аутотрансплантатсияи мағзи устухон бо усули диализ иҷро гашта, ҳангоми хуруҷ надоштани бемории саратони хун ё лимфа амалӣ мегардад.

Исмоилзода С. бо ордени “Шараф”(2015), Гулзода М.Қ. ба унвони “Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон” (2018) мушарраф мегарданд.

Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»– яке аз қисмҳои муҳими таркибии соҳаи тандурустӣ маҳсуб ёфта, фаъолияти он барои таъмин намудани дастрасӣ, бехатарӣ ва сифати маҳсулоти хуни донорӣ ба беморон ва осебдидагон дар ҳолатҳои зарурӣ равона карда шудааст.

Директори генералии МД “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” аз моҳи марти соли 2017 Саидов Ҷурахон Сафолович мебошад.

Дар марказ 12 нафар табиб, аз он ҷумла 1 нафар доктори илми тиб, 3 нафар номзади илми тиб ва 1 нафар аспирант аз рӯи 1 лоиҳаҳои илмии буҷавӣ фаъолият менамоянд. Кормандони марказ 5 монография, 10 дастурамали стандартҳои соҳавӣ ва 48 мақолаву фишурда ба чоп расониданд.

МД«Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ» бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3 марти соли 2014, №148 созмон дода шудааст.

Дар Марказ 12 номзади илми тиб аз рӯи 1 лоиҳа «Ташхиси барвақтӣ, табобат ва пешгирии бемориҳои ғайрихусусии роҳҳои пешобраву таносул» (2016-2020) КИТ-ро дар 80 кати клиникӣ иҷро менамоянд. Дар Маркази урологӣ соли 2009 бори нахуст дар ҷумҳурӣ 3 амалиёти пайванди гурда гузаронида шуда, ин намуди хизматрасонӣ ба аҳолӣ оғоз мегардад. Дар баробари допплерографияи рагҳои тухм; амалиёти тармимӣ дар наи пешобрав аз тарафи рост бо истифода аз шохчаи кирмшакл (2017); Ҷарроҳии тармимии ҳолиб бо истифода аз вариди пой ҳангоми ҷой доштани рефлюкси масонаю ҳолиб; нефролитотрипсияи пунксионии тариқи пустӣ (PCNL) (2018); склеротерапияи гидроселе иҷро мешавад.

Дар муддати фаъолият аз тарафи кормандони Марказ 5 монография, 31 мақола, 42 фишурда нашр ва 1 патент гирифта мешавад. Ду корманди Марказ бо ҷоиза ва дипломи Академияи илмҳои тиб «Олими ҷавони сол» дар солҳои 2015, 2016 сазовор дониста шудаанд.

Хулоса (слайди72): Олимони соҳаи тиб аз ҳамагуна имкониятҳои ҳамкорӣ истифода намуда, бар онанд, ки ташхису табобати боэътимоди аҳолӣ дар қаламрави ватани маҳбуб имконпазир бошад.

Scroll Up