УДК 616-036.86-053.2:312.6(571.56) doi: 10.31712/2221-7355-2019-9-4-417-423

МАЪЮБИИ КӮДАКОНА ҲАМЧУН МУШКИЛОТИ ТИББӢ-ИҶТИМОӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

РӮЗИЕВ М.М., АБДУРАҲИМОВ А.А., ҒОИБОВ А.Г., БОГОДИРОВА М.Н.

МД «Пажуҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» ВТ ва ҲИА ҶТ

Хадамоти давлатии экспертизаи тиббӣ ва иҷтимоии ш. Душанбе

МД «Пажуҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» ВТ ва ҲИА ҶТ


Мақсади тадқиқот. Омӯзиши сабабҳо ва омилҳои хатар, ки ба паҳншавии маъюбии кӯдакон дар Тоҷи­кистон мусоидат мекунанд.

Мавод ва усулҳо. Нусхабардории маълумот дар бораи маъюбӣ аз маводи ҳуҷҷатҳои ҳисоботии муасси­саҳои тиббӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ истифода шудааст. 650 кӯдаки маъюби то 18- сола, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд, аз ташхис гузаронида шуданд. Маълумоти бадастомада тавассути интихоби тасодуфӣ ва давомдор дар динамика дар тӯли солҳои 2011-2016 ҷамъоварӣ карда шуда, коркарди оморӣ дар “тибби исботшуда” қабул карда шудааст.

Натиҷаҳо. Аз 147118 маъюбон, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, 26 ҳазор нафар шахсони синни 18-сола бо патологияи модарзодӣ (58,4%) ва бадастомада ҳ (41,6%), (кам будани кӯдакони мард) мебошанд.

Сабатҳои асосии маъюбии кӯдакон инҳоянд: гипоксияи музмин ҳомила, кори нокифояи кормандони тиб дар идоракунии таваллуд, осеби равонӣ, нодида гирифтани шароити таҳдидкунанда, аномалияҳои модар­зодӣ, мерос ва хатогиҳои тиббӣ. Таносуби бештарро (42,7%) дар байни бемориҳо ва ҷароҳатҳо дар давраи пас аз таваллуд, ки боиси маъюбӣ мегарданд, ба ин гуруҳҳо мансуб медонанд (аз рӯи хусусият): бемориҳои системаи асаб, ихтилоли равонӣ, нуқсонҳои модарзодӣ, бемориҳои системаи мушакҳо, ихтилоли раф­тор, бемориҳо раванди гӯш ва мастоид ва ғ.

Хулоса. Маъюбии кӯдакон ва наврасон яке аз хусусиятҳои асосии вазъи саломатии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон мебошад. Сабабҳо ва омилҳои муқарраршудаи паҳншавии маъюбии кӯдак, таъсири ин ҳолат ба ҳаёти ҷомеа, оилаи алоҳида ва кӯдаки маъюб ба баланд бардоштани самаранокии кор ҷиҳати татбиқи муқаррароти Конвен­сияи СММ дар бораи ҳуқуқи маъюбон ва ташкили ҷомеаи фарогир дар Тоҷикистон нигаронида шуданд.

Калимаҳои асосӣ. маъюбии кӯдакон, сабабҳо ва омилҳо, дастгирии тиббӣ ва иҷтимоӣ, офиятбахшӣ


Саҳифаҳо: 417-423


Мақола

Scroll Up