УДК 616.718.16-007.17-089.844 doi: 10.31712/2221-7355-2019-9-4-374-379

МОДЕЛСОЗИИ ПЛАСТИКИИ УСТУХОНИ ҲУҚҚА ҲАНГОМИ ЭНДОПРОТЕЗИКУНОНИИ БЕМОРОНИ ДИСПЛАЗИЯИ ВАЗНИН

ҚУРБОНОВ С.Х., МИРЗОБЕКОВ К.С., АБДУЛЛОЕВ М.С.,

ШАРИПОВ А.А., АСКАРОВ А.Т., МАҲМУДОВ Д.Ш., ДЕВЛОХОВ С.С.

ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


Мақсади тадқиқот. Таҳлили натиҷаҳои эндопротезикунонии буғуми косу рон бо истифодаи пласти­каи устухонӣ дар беморони гирифтори коксартрози диспластикӣ.

Мавод ва усулҳо. Пластикаи устухони ҳуққа дар 37 ҳолат аз 290 амалиёти эндопротезикунонии на­хустини буғуми косу рон гузаронида шуд. Барои пластика қисми сараки рон ва резаҳои устухон, ки дар натиҷаи коркарди ҳуққа ба даст омадаанд, истифода шуданд. Ҳама беморон мувофиқи таснифи Crowe (дараҷаи I-IV) бо коксартрози диспластикӣ ташхис карда шуданд. Синну соли миёнаи беморон 29 ± 4,68 солро ташкил дод.

Арзёбии шиддатнокии дард бо ҷадвали қиёсии визуали дард (ҶАВ), таҳлили сифати ҳаёт бошад бо ҷадвали стандартии SF 36 гузаронида шуд.

Мувофиқи маълумоти рентгенӣ пас аз 3, 6, 12 моҳ макон ва устувории ҷузъҳои эндопротез баҳо дода шуданд.

Фаъолияти буғуми косу рон дар давраҳои пеш ва пас аз ҷарроҳӣ мувофиқи ҷадвали Harris муайян карда шуданд.

Натиҷаҳо. Тибқи маълумоти ҶАВ шиддатнокии дард то ҷарроҳӣ 8,9 ± 0,5 буд ва пас аз як сол нишондод ба 2,4 ± 0,4 баробар шуд, ки паст шудани дардро нишон медиҳад. Нишондиҳандаҳои сифати зиндагӣ дар давраи баъдичарроҳӣ 5 маротиба зиёд шуданд. Натиҷаҳои дарозмӯҳлати функсионалӣ дар ҷадвали Harris беҳтаршавии ҳамаи параметрҳои кори буғуми косу ронро тасдиқ мекунанд: нишондод пеш аз ҷарроҳӣ 28,1 ± 6.15 буд ва дар давраи пас аз ҷарроҳӣ пас аз 12 моҳ бошад ба – 85.3 ± 6.4 баробар шуд.

Калимаҳои асосӣ: эндопротезикунонӣ, пластикаи устухонҳо, дисплазия


Саҳифаҳо: 374-379


Мақола

Scroll Up