Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ

Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ соли 1997 бо мақсади омӯзиш, коркарди технология, тайёр ва ҷорӣ намудани маводҳои нави доругӣ, ки дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ, ҳайвонот, наботот ва минералҳо ба даст оварда мешаванд, инчунин тайёр ва азнавтайёркунии кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмӣ- истеҳсолӣ таъсис дода шуд.

Дар Марказ 3 доктори илми тиб ва 8 номзади илми тиб фаъолият мекунанд.

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ:

– Технологияи доруҳо ва ташкили фаъолияти фарматсевтӣ;

– Истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ дар таҳияи маводҳои доруворӣ ва парафарматсевтии ватанӣ;

-Асосноккунии илмии батанзимдарории муомилоти маводи доруворӣ дар давраи гузариш.

Сохтори Марказ:

– шуъбаи фармакалогия ва растаниҳои шифобахш;

– шуъбаи технологияи дору ва ташкили фаъолияти фарматсевтӣ.

Имрӯз дар Маркази фарматсевтӣ 28 номгӯи доруворӣ дар асоси растаниҳои шифобахши Тоҷикистон тайёр карда мешавад. Муассиса дорои патент оиди коркарди “Усули култиватсияи ферулаи бадбӯй” мебошад.

Scroll Up