Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон»-и Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2010-ум таъсис дода шудааст.
Дар давоми панҷ соли фаъолият дар Марказ зиёда аз 60 амалиёти пайвандсозии гурда ва 5 трансплантатсияи ҷигар аз донорҳои хешутаборӣ бо натиҷаҳои назаррас гузаронида шудааст. Марказ бо дастгоҳҳои замонавии дастгоҳҳои мадҳушкунанда, нафасдиҳии сунъӣ, коагулятори газӣ ва озмоишгоҳҳои ташхиси хун таҷҳизонида шудааст.
Самтҳои асосии фаъолият:
– инъикоси имрӯзу фардои тибби пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Тоҷикистон;
– инъикоси пешравии пайванндсозии тибби тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи пайвандсозӣ;
– амалӣ намудани равандҳои тайёр намудани кадрҳо дар соҳаи пайвандсозӣ;
– омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии олимони соҳа.
Сохтори марказ:
–Шуъбаи гипертензияи порталӣ ва трансплантатсияи ҷигар;
–Шуъбаи пайвандсозии гурда ва ғадуди зери меъда;
– Шуъбаи ташхиси функсионалӣ;
– Шуъбаи наҷот;
– Озмоишгоҳ.
Нақшаҳои наздиктарини марказ:
– Ҷорӣ намудани трансплантатсияи мағзи устухон ва ғадуди зери меъда;
– трансплантатсияи дил ва дигар узвҳо дар шароити таҷрибавӣ.