Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг

Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг соли 1993 таъсис гардидааст.

Марказ аз шуъбаҳои ҷарроҳии дил, рагҳои хунгард, ҷарроҳии реконструктивӣ-пластикӣ ва микроҷарроҳӣ, эндоҷарроҳӣ, ҷарроҳии рентгенэндоваскулярӣ, эҳё ва ташхису табобат иборат мебошад.

Дар марказ 25 номзади илм ва 6 доктори илми тиб фаъолият мекунанд, ки ду нафарашон аъзои вобастаи АИТ ВТ ва ҳИА ҶТ мебошанд. Дараҷаи илмнокии кормандони марказ 52%-ро ташкил менамояд.

Фаъолияти илмии Марказ ба самтҳои гуногуни соҳа, аз ҷумла – табобати иллатҳои оклюзиякунандаи шоҳраг ва шохаҳои он, табобати оқибатҳои захми рагҳои хунгард, ҷарроҳии дил дар шароити баландкӯҳ, истифодаи технологияҳои нав дар табобати бемориҳои дилу рагҳои хунгард, ҷарроҳии эндокринӣ ва ҷанбаҳои гуногуни ҷарроҳиҳои пластикӣ ва тармимӣ равона карда шудааст.

Амалиётҳои дар асоси технологияи нав ҷоринамуда:

– Ба таври васеъ истифода бурдани амалиётҳои “гибридӣ” – дар беморони рагҳои хунгард.

– Бартараф намудани нуқсонҳои модарзодии дил бо усули “Amplatz». Иҷро намудани амалиётҳои эндоваскулярӣ ва ҷарроҳии кушода ба занҳои гирифтори бемории варикозии варидҳои коси хурд, ҷарроҳии Бентал-Де Боно, коронароангиопластика ва стентгузории таъҷилӣ ба беморони синдроми шадиди коронарӣ. адреналэктомияи лапароскопӣ, реплантатсияи андомҳо, эхинококкэктомияи видеоторакоскопӣ, перикардэктомияи торакоскопӣ.

Scroll Up