Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ

Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ соли 2007 таъсис шуда, аз дармонгоҳ, шуъбаи радиологӣ, химиотерапия, ҷарроҳии торакоабдоминалӣ, онкогинекология, шуъбаи кӯдакона, ташхисгоҳи патоморфологӣ ва маркази оморӣ иборат мебошад.

Марказ муассисаи илмӣ буда, аз аккредитатсияи илмӣ гузашта ҳамчун муассисаи давлатӣ эътироф шудааст. Филиалҳои муассиса дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд.

Дар муассиса 4 профессор, 6 доктори илми тиб, 15 номзади илми тиб фаъолият менамояд.

Дар муассиса имкониятҳои васеи табобати саратони узвҳои гуногун, аз ҷумла табобати ҷарроҳии саратонҳои системаи рӯдаю меъда, узвҳои занона, узвҳои пешобронӣ, бофтаҳои мулоими сару гардан, химиотерапия, табобати нурӣ, табобати комбинатсионӣ ва ғайра вуҷуд дорад.

Самтҳои асосии илмӣ-тадқиқотии Марказ:

– гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти омӯхтани биологияи омосҳо ва механизмҳои прогрессияи онҳо (генетикӣ, ҳуҷайравӣ, иммунологӣ);

– истифодаи усулҳои нави ташхису табобатӣ дар беморони дорои омосҳои бадсифат;

– коркарди усулҳои нави ташхисӣ, табобати доруворӣ, нурӣ ва омехта;

– омӯхтани эпидемиологияи омосҳои хушсифат ва бадсифат дар ҷумҳурӣ ва беҳтар намудани нишондодҳои омории беморшавии онкологӣ;

– ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон дар ташхис ва табобати беморон;

– тайёр намудани кадрҳои баландихтисос.

Ҳамасола Марказ технологияҳои инноватсионии наву замонавиро дар табобати беморони гирифтори саратон ворид менамояд, ки сифати ҳаёти беморонро беҳтар менамояд.

Маркази саратоншиносӣ ба таҷҳизотҳои нави замонавӣ, аз ҷумла Мамограф бо тасвири 3 Д, томографияи компютории замонавӣ, фаросадо бо гастроскопия, микроскопи электронӣ. таъмин карда шудааст, ки имконияти дар ҳудуди Тоҷикистон гузаронидани тамоми ташхису табобати беморонро фароҳам намудааст.

Scroll Up