Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакон” соли 2008 таъсис дода шудааст. Марказ аз давраи ба фаъолият оғоз намудан дар робитаи зичи ҳамкорӣ бо роҳбарият ва табибони Маркази миллии тиббӣ қарор дорад.

Мақсад ва вазифаҳои Марказ:

– таҳлил ва арзёбии фаъолияти муассисаҳои тандурустии кӯдакона,

– гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар ҷанбаҳои гуногуни саломатии кӯдакон;

– омода намудани кормандони илмӣ;

-таҳияи усулҳои нави бемориҳои кӯдакона;

– татбиқи дастовардҳои илми педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакон дар амалия.

Дар марказ 17 нафар олимон фаъолият менамоянд, аз ҷумла 5 доктори илми тиб,12 номзади илми тиб.

Сохтори муассиса:

– бахши клиникӣ иборат аз 7 шуъбаи соматикӣ ва се шуъбаи ҷарроҳӣ;

– бахши иҷтимоӣ иборат аз 3 шӯъба;

– бахши мониторинг ва баҳодиҳӣ иборат аз 2 шӯъба.

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ:

– муаяйн намудани сохтори бемориҳо;

– барқароркунии саломатии кӯдакон бо истифода аз технологияи муосир дар замони ҳозира;

-хизматрасонӣ дар ҳолатҳои таъҷилӣ ба кӯдакон.

Scroll Up