Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» соли 1980 таъсис ёфта, мақсади он ташкил ва расонидани кӯмаки табобатию профилактикӣ дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти саломатии модарону кӯдакон, солимии репродуктивии аҳолӣ, таъмини модаршавии бехатар, танзими оила мебошад.

Пажӯҳишгоҳ, инчунин муассисаи илмии соҳавӣ, маркази ташкилию методӣ ва машваратӣ оид ба ҳалли проблемаҳои соҳаи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ дар сатҳи ҷумхуриявӣ ба шумор меравад.

Дар муассиса 562 нафар табибон фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 2 профессор, 10 доктори илмҳои тиб, 10 дотсент ва 45 номзади илмҳои тиб мебошанд.

Самтҳои асосии фаъолияти илмии пажӯҳишгоҳ:

– Пажӯҳиши проблемаҳои ҳифзи саломатии занон дар давраи ҳомилагӣ, таваллуд ва баъд аз он.

– Пажӯҳиши проблемаҳои ҳифзи солимии репродуктивии духтарону занон, омӯхтани сатҳ ва вогирии занон ба бемориҳои пеш аз саратонӣ.

– Омӯзиши проблемаҳои ноҷурии давраи навзодӣ, коркарди усулҳои ташхис, табобат ва пешгирии бемориҳои соматикии кӯдакон.

– Омӯхтани омилҳои муайянкунандаи зиёдшавии бемории навзодон дар мамлакат.

Пажӯҳишгоҳ аз 4 бахши илмӣ, 21 шуъбаи ташхисию табобатӣ ва тахлилгоҳи илмию клиникӣ иборат мебошад.

Дар клиникаи пажӯҳишгоҳ бошад, ҳар сол зиёда аз 10 000 таваллуд гузаронида мешавад. Бояд қайд кард, ки 76,8% зоишҳо дар ПАГ ва ПТ ин таваллуди патологӣ мебошад, аз ҷумла то 21% – таваллуди пеш аз муҳлат.

Клиникаи Пажӯҳишгоҳ аз соли 2000 инҷониб дорои сертификати байналмилалии UNICEF «Таваллудхонаи муносибати некбинона ба атфол» мебошад ва аллакай бори дуввум аст, ки аз пересертификатсияи мушовирони байналмилалӣ гузаштааст.

Дар Дармонгоҳи ташхисию машваратии ПАГ ва ПТ ҳамасола ба 15 000 мизоҷон кумаки тиббӣ- машваратӣ-ташхисӣ расонида мешавад.

Дар бахши ташхиси функсионалии Пажӯҳишгоҳ таҷҳизотҳои нодиртарини тибби муосир вуҷуд доранд, ки барои гузаронидани денситометрия, мамография, гистеросалпингография, таҳлилҳои иммуноферментӣ, иммунологӣ ва генетикӣ истифода мешаванд.

Дар шуъбаи гинекологӣ дар як сол зиёда аз 300 ҷарроҳӣ, аз ҷумла ҷарроҳии пластикӣ гузаронида мешавад. Дар шуъбаи эндовидеоҷарроҳӣ тачҳизотҳои ҳозиразамон дастрас намуда шудааст, ки бо воситаи онҳо ҷарроҳиҳои лапароскопӣ ва пластикаи найчаҳои тухмгузар гузаронида мешавад.

Scroll Up