Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология

Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология аввалин муассисаи соҳавӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб рафта, соли 1960 таъсис ёфтааст.

Муассисаи мазкур маркази илмӣомӯзишӣ, методӣ ва маслиҳатӣ буда, дар он олимони зиёди соҳаи тандурустӣ, аз ҷумлаи 1 академик, 1 аъзокорреспондент, 6 доктори илм ва 26 номзади илм фаъолият менамоянд.

Сохтори муассиса:

Шуъбаи ҷарроҳии ҷигар ва ғадуди зери меъда;

-Шуъбаи ҷарроҳии меъда ва руда;

-Шуъбаи эҳёгарӣ;

-Шуъбаи радиологӣ;

-Шуъбаи эндоскопӣ;

-Шуъбаҳои озмоишӣ;

Самтҳои асосии фаъолияти илмии пажӯҳишгоҳ:

-Омӯзиши гепатитҳои вирусӣ ва сиррози ҷигар;

-Фарбеҳӣ ва патологияи системаи гепатобилиарӣ;

-Паҳншавии штаммҳои генетикии H. pylori ва бемориҳои астсидвобастаи узвҳои ҳозима;

– Коркарди доруҳои нави гиполипидемӣ, зиддивирусӣ ва гепатопротекторӣ дар асоси растаниҳои шифобахши Тоҷикистон;

Дар муассисаи мазкур ташхису табобатҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

-Ташхиси иммуноферментӣ ва реаксияи занҷираи полимеразии гепатитҳои вирусии А, Е, В, С, D;

-Таҳлили иммунологии ҳуҷайравӣ, гуморалӣ ва ситокинҳо;

-Ташхиси иммуноферментативии гепатитҳои аутоиммунӣ;

-Ташхиси Helicobacter pylori бо истифода аз усулҳои муосир;

-Ташхиси морфологии бофтаҳои ҷигар, ғадудди зери меъда, меъда ва рӯда;

-Ташхиси даруннигарии роҳҳои ҳозима бо истифода аз капсулаҳои муосир;

-Табобати зиддивирусии гепатитҳои музмини вирусӣ;

-Табобати консервативӣ, эндоскопӣ ва ҷарроҳии оризаҳои сиррози ҷигар;

-Табобати консервативӣ, эндоскопӣ ва эндоҷарроҳии бемориҳои узвҳои ҳозима;

-Табобати консервативӣ ва ҷарроҳии фарбеҳӣ;

-Ҷарроҳии омосҳои ҷигар, ғадуди зери меъда, меъда ва руда.

Scroll Up