Пажуҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй

Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй сармуассисаи ҷумҳуриявӣ буда, бо мақсади гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ ва клиникӣ дар бахши стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй соли 2010 таъсис дода шудааст.

Сохтори Пажӯҳишгоҳ аз қисми клиникӣ ва илмӣ иборат буда, он аз шӯъбаҳои муолиҷавӣ бо ҳуҷраи пародонтологӣ ва тавонбахшӣ; ҷарроҳии дармонгоҳӣ бо ҳуҷраи муолиҷавӣ, ҳуҷраи рентгенӣ ва ҳуҷраи ёрии таъҷилӣ, ортопедӣ бо озмоишгоҳи дандонсозӣ, стоматологияи кӯдакон ва наврасон бо ҳуҷраи ортодонтӣ, ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва имплантология иборат мебошад.

Пажӯҳишгоҳ ягона муассисаи стоматологии кишвар мебошад, ки дар он амалиёти стоматологӣ дар бофтаҳои сахти дандон гузаронида мешавад.

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ:

Солимии стоматологӣ ва такмилдиҳии чорабиниҳо оид ба кӯмаки стоматологии аҳолӣ.

Таҳия ва татбиқи тенхнологияҳои нав дар ҳамаи самтҳои стоматология (муолиҷавӣ, ортопедӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй).

Намудҳои ташхису табобате,

ки дар пажӯҳишгоҳ гузаронида мешаванд:

– ташхис ва табобати беморони дорои нуқсонҳои модарзодӣ, аз ҷумла артропластикаи ҷоғи поён бо истифодаи буғумҳои сунъӣ;

– табобати аномалияҳои ҷоғу дандонҳо бо истифодаи эйҷуаз-техника;

– барқарорсозии норасогиҳои ҷоғҳо бо маводҳои сунъӣ (имплантҳо, ауто ва аллопротезҳо).

Scroll Up