Пажуҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон

Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон соли 1931 таъсис дода шудааст.

Самтҳои асосии фаъолияти илмии пажуҳишгоҳ ба омӯзиши этиология ва хусусиятҳои эпидемиологии бемориҳои вирусӣ, бактериологӣ, паразитологӣ ва хосиятҳои молекулиявию генетикии барангезандаҳои онҳо, омӯзиши механизмҳои пайдоиш ва коркарди дастурамалҳо вобаста ба пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ равона карда шудааст.

Сохтори пажӯҳишгоҳ:

Пажӯҳишгоҳ дорои шуъбаҳои вирусология, эпидемиология ва таҷзияи сиёсати тандурустӣ мебошад. Олимони пажӯҳишгоҳ дар озмоишгоҳҳои гигиена, бактериология,биохимия, паразитология, сироятҳои урогенитеалӣ, иммунология, зуком корҳои илмӣ мебаранд.

Дар пажӯҳишгоҳ тадқиқоти комплексӣ доир ба проблемаи гепатитҳои вирусӣ, СПИД/ВИЧ, ИППП бо истифодаи усулҳои муосири (таҷзияи иммуноферментӣ, ПСР-тасшхис, типпикунонии генетикӣ, секвиронкунонӣ), тест-ситемаи муосири ташхисӣ ва таҷҳизоти навтарин гузаронида мешаванд.

Мақсадҳои пажӯҳишгоҳ:

– Ворид намудани усулҳои муосир дар ташхиси бемориҳои паразитӣ бо усули реаксияи занҷираи полимерзӣ (РЗП);

– истифодабарии усули кишти ҳуҷайра барои муаяйн намудани вируси зуком;

– таҳияи дастурамалҳо ва ба мутахассисон дастрас намудани онҳо оиди эпидемиология, пешгирӣ ва элиминатсияи вараҷа.

Scroll Up