МУҲТАРАМ ҒИЁСИДДИН ҚУДБУДДИНОВИЧ!

Шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни фархунда – 75– умин баҳори умратон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, бароятон пеш аз ҳама тани сиҳату дили беғам, хотири ҷамъу бахту саодат, сарсабзию сарбаландӣ, хушбахтию шодкомӣ ва хушиҳои рӯзгорро таманно дорем.

Ғиёсиддин Қудбуддинович – Шуморо мардуми кишвар ва берун аз он ҳамчун олими варзида, мутахассиси дараҷаи олӣ мешиносанд ва қадр менамоянд. Маҳз заҳматҳои шабонарӯзии Шумо буд, ки имрӯзҳои илми тибби тоҷик дар соҳаи гастроэнтерология ба дараҷаи баланди худ расида, дар хориҷи кишвар мақоми хосае дорад.

Шумо муаллифи зиёда аз 400 мақолаҳои илмӣ, патенту пешниҳодҳои навоварӣ, китобҳо ва монографияҳо буда, зери роҳбарии Шумо докторон ва номзадҳои хеле зиёд омода карда шуданд, ки ин заҳмати хело калон мебошад.

Роҳи тай намудаи Шумо аз духтури оддӣ то ба вазифаи Президенти Академияи илмҳои ВТ ва ҲИА ҶТ, директори МД «Пажуҳишгоҳи саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра аз қобилияти баланду маҳоратнокӣ ва илми закиатон шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақиқат Шумо ба он сазовор мебошед.

Кордонӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва сифати хуби инсонгарии Шумо сазовори эҳтироми умум мебошанд.

Имрӯз ҳама шуморо чун шахси ҳассосу ҳамдард, дӯсти хуб, раҳбари серталабу навовар ва мураббии хуби мутахассисони ҷавон мешиносанд. Имрӯз бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки Шумо рисолати инсонии худро ба пуррагӣ иҷро намуда, дар байни олимон ва мардуми кишвар ҳамчун академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академики Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруфу машҳур мебошед.

Муҳтарам Ғиёсиддин Қудбуддинович, дар ин рӯзи шариф бори дигар ба Шумо умри дароз, саломатӣ, бахту саодат ва дар корҳои ояндаатон ба хотири солимии мардуми кишвар комёбиҳои нав таманно дорем. Шоир хеле гуфта аст:

Аҷаб фарзонае дар тиб Ғиёсиддини Меъроҷ аст,

Агар тиб шоҳи илм аст, ӯ сари ин шоҳро тоҷ аст.

Бо эҳтиром,

Президенти Академияи илмҳои тиб А.Ҷ. Ғоибзода

Scroll Up