УДК 614.2:616-053.2-053.6+616-07+616-084  doi: 10.31712/2221-7355-2019-9-2-215-223

МУШКИЛОТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СОЛИМИИ НАВРАСОН УМАРОВ Т.А., БАНДАЕВ И.С.

Кафедраи тибби оилавии №2 ДДТТ  ба номи Абўалӣ ибни Сино


Барои рушди минбаъдаи ҳар як кишвар наврасон ҳамчун захираи меҳнатӣ, ақлии зеҳнӣ, низомӣ ва аҳолӣ мебошанд ва аз ин сабаб омўзиши солимии наврасон муҳим аст. Барои таҳияи систе- маҳои ҳамгироии тадбирҳои ташкилӣ ва табобатию профилактикӣ, ки ба коҳиш додани сатҳи беморшавии наврасон нигаронида шудааст, шарҳи беморшавии наврасон дар кишвар ва берун аз он гузаронида шуда ва омилҳое, ки ба рушди бемориҳои наврасон мусоидат мекунанд, муайян карда шуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки даҳсолаи охир дар байни наврасон шумораи уму- мии бемориҳо аз рўи таснифоти бемориҳо, бемориҳо дар марҳилаи музмин ва такроршаванда, сатҳи маъюбӣ, бемориҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ афзалиятнок афзоиш ёфтаанд. Исбаи шудааст, ки бемориҳои ҷиддии калонсолон ва фавти бармаҳали онҳо, бо сабаби истеъмоли тамоку, ғизои носолим ва фаъолияти ҷисмонии нокифоя дар синну соли наврасӣ ба вуҷуд меоянд. Шарҳи ада- биёт нишон дод, ки солимии наврасони муосир яке аз мушкилоти афзалиятноки тандурустӣ мебошад ва беҳбудии ташхиси бармаҳал, пешгирӣ, табобат ва офиятбахширо талаб менамояд.

Калимаҳои асосӣ: солимии наврасон, омилҳои солимии наврасон, таҳлил


Саҳифаҳо: 215-223

Мақола

Scroll Up