УДК 616.993.12-085-053.3 doi: 10.31712/2221-7355-2020-10-1-44-48

НАМУДҲОИ КЛИНИКИИ ҶАРАЁН ВА МУОЛИҶАИ АМЕБИАЗИ ИНВАЗИВИИ РУДАВӢ ДАР КӮДАКОНИ СИННИ ХУРДСОЛ

САИДМУРОДОВА Г.М., ХОҶАЕВА Н.М.

Кафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконаи МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


Мақсади тадқиқот. Омӯзиши намудҳои клиникии ҷараён ва муолиҷаи амебиази инвазивии рудавӣ дар кӯдакони синни хурдсол.

Мавод ва усулҳо. Ташхиси 78 кӯдак бо амебиази рудавӣ дар асоси хусусиятҳои клиникии бемориҳои сироятӣ, инчунин бо ошкор намудани шакли калони вегетативии Entamoeba histolytica forma дар фузлаи навҷамъкардашуда бо истифодаи усули молишаки навтайёркардашуда (бо маҳлули обии 1 % глитсерин ва махлули 50 % Люгол) ҳангоми ҷой доштани фаъолнокии ҳаракати паразитҳо бо якҷоягии эритрот­ситҳо дар ситоплазмаи онҳо тасдиқ карда шуд.

Натиҷаҳо. Дар байни кӯдакони синни хурдсол ташхиси амебиази рудавӣ дар кӯдакони синни то як сола 21 (37,5%), аз 1 то 3 сола бошад 35 (62,5%) нафарро ташкил доданд. Бистаришавии дерина (баъди 4-6 шабонарӯзи беморӣ) дар 29 (51,7%) нафар дар ду рӯзи аввали беморӣ дар 27(48,3%) кӯдак ба қайд гирифта шуд. Дар 11 (52,3%) нафар кӯдакони синни то як сола, ки бемории колити амебиазӣ доштанд, камобша­вии намуди вазнини «В» ва алоими заҳролудии майни сар муайян карда шуд.

Муолиҷаи этиотропӣ ба ҳамаи кӯдакони бемори амебиази рудавӣ бо истифодаи маводҳои системавии -5-нитроимидазолҳо дар давраи 8-10 рӯзи то сиҳатшавии клиникӣгузаронида шуд.

Хулоса. Дар аксари кӯдакони хурдсол – 48(85,7%) бемории амебиази рудавӣ бо намуди колити амёбовии шадид бо аёнияти аломатҳои заҳролудии бадан, дар 8 (14,3%) нафар кӯдакон дар намуди зершадид бо ало­матҳои пасти заҳролудии бадан ҷараён дошт.

Калимаҳои асосӣ: амебиази рудавӣ, диарея, колити амёбёвӣ


Саҳифаҳо: 44-48

Мақола

Scroll Up