УДК 617-089;616.34-009.11;617.07;616.381-072.1. doi: 10.31712/2221-7355-2019-9-2-188-192

НАҚШИ ЛАПАРОСКОПИЯИ ТАШХИСӢ ДАР МУАЙЯН НАМУДАНИ ДАРАҶАИ ДОЛИХОСИГМА

МУРОДОВА Ш.М.

Кафедраи ҷарроҳии умумии №1  ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


Мақсади тадқиқот. Беҳтар намудани усулҳои ташхис ва табобати қабзияти музмин дар заминаи долихосигма.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Дар мавод натичаҳои ташхиси 139 бемори «Стази музмини рӯдаи ғафс» ва табобати ҷарроҳии долихосигма оварда шудаанд. Ҳангми ташхис дар беморон муайян карда шуд: 102 (60,35%)-долихосигма, 27 (15,97%), – бемории Пайра дар ҳамбастагӣ бо долихосигма, 17 (10,05%)- транзверзоптоз дар ҳамбастагӣ бо долихосигама, 13 (7,69%)- курӯда дар ҳамбастагӣ бо долихосигма, 10 (5,91%)- васеъшавии курӯда дар ҳамбастагӣ бо долихосигма.

Сабаби асосии стази рӯдаи ғафс долихосигма ба ҳисоб меравад.

Хулоса. Гузаронидани ташхиси лапароскопии ҳангоми қабзияти музмин дар асоси долихосигма имко- нияти муайян намудани дараҷаи дарозшавии рӯдаи сигмашаклро медиҳад ва барои муайян намудани меъёрҳои мувофиқи бештар барои анҷом додани амалиёти чарроҳӣ замина мебошад. Вобаста ба дарозша- вии рӯдаи сигмашакл ва беҳсозии амалиёти ҷарроҳӣ дар беморон бо қабзияти музмин табобати ҷарроҳӣ самараноктар мегардад.

Калимаҳои асосӣ. долихосигма, ташхиси лапароскопӣ, муайян намудани дараҷаи қисми сигмавии рӯдаи ғафс


Саҳифаҳо: 188-192

Мақола

Scroll Up