УДК 614.61.616-01/099 doi: 10.31712/2221-7355-2018-8-4-437-442

НАТИҶАИ ТАДҚИҚОТҲОИ БАРҚАРОРСОЗИИ ТИББИЮ ИҶТИМОӢ ДАР КЎДАКОНИ ГИРИФТОРИ АВОРИЗҲОИ ПЕРЕНАТАЛИИ СИСТЕМАИ АСАБ

МАВЛОНОВ А.Р., ҚОСИМОВА М.С., СУЛАЙМОНОВ И.И.

МД «Маркази ҷумҳурияви илмию клиникии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакона»
Маркази саломатии ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд


Мақсади тадқиқот. Арзёбии самаранокии клиникии табобати барқарорсозии кўдакони гирифтори аворизҳои перинаталии системаи асаб, ки офиятбахшии маҷмўии тиббӣ – иҷтимоиро дар базаи Маркази вилоятии офиятбахшӣ гузаштанд.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Таҳлили кори маҷмўии психолог, логопед ва омўзгори забонлакнати «Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кўдакон ва наврасон» дар соли 2016 бо назардошти арзёбии 276 кортҳои барқарорсозии инфиродӣ гузаронида шуд.

Натиҷаҳо. Барои ноил шудан ба натиҷаҳои қаноатбахш таъсирнокии мусбати офиятбахшии психикӣ-забонлакнатӣ дар кўдакони синну соли барвақтӣ дар замони ташаккуулёбии забон ва малакаҳои иҷтимоӣ дошта, бо имконияти инкишофи нерўи табиии худ зарур аст . Барқарорсозии иҷтимоӣ бо иштироки волидон ногузир аст.

Хулоса. Муносибати якҷояи кормандони иҷтимоӣ, волидон ба унсурҳои асосии табобати забонлакнатӣ бо мақсади таъмини раванди доимии офиятбахшӣ, пас аз анҷоми ҷараёни табобат ба дастовардҳои натиҷаҳои қонеъкунанда мусоидат мекунанд.

Калимаҳои асосӣ: барқарорсозӣ, патологияи перинаталӣ, арт- муолиҷа, психолог, логопед


Саҳифаҳо: 437-442


Мақола

Scroll Up