УДК 616-002.6 doi: 10.31712/2221-7355-2019-9-4-367-373

ПАҲНШАВӢ ВА ШАКЛҲОИ КЛИНИКИИ СИФИЛИС ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

ИСОЕВА М.С., ҚОСИМОВ А.М., БОБИЕВ А.З.,

АБДУҲАМИДОВА З.А., БОЗОРОВ С.С.

Кафедраи дерматовенерологии МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

ВТ ва ҲИА ҶТ

МД “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва венерикӣ”

Ассотсиатсияи дерматовенерологҳо ва косметологҳои ҶТ


Мақсади тадқиқот. Омӯзиши паҳншавӣ ва хусусиятҳои ҷараёни клиникии сифилис дар Тоҷикистон дар шароити муосир.

Мавод ва усулҳо. Бо тарзи ретроспективӣ тибқи гузоришҳои минтақавӣ ва ҳисоботҳои омори давлатӣ дар бораи бемории сифилис ва шаклҳои клиникии он таҳлили умумии бемории сифилис дар минтақаҳои ҶТ ва шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Таҳқиқотҳо солҳои 1995-2017-ро дар бар мегиранд.

Натиҷаҳо. Муқаррар карда шуд, ки дар соли 2017 дар муқоиса бо соли 2001 паст шудани сатҳи беморӣ дар ҶТ (мутаносибан 4,5 ба 11,7) ва дар ш. Душанбе (мутаносибан 30,1 ба 30,1) мушоҳида шудааст. Афзо­иши шаклҳои ибтидоии сифилис дар муқоиса бо шаклҳои баъдӣ (95,4% нисбат ба 4,6%) ба назар мерасад. Дар байни шаклҳои ибтидоӣ сифилиси пӯшидаи ибтидоӣ бештар ба қайд гирифта шудааст (77,9%).

Хулоса. Туфайли чораҳои пешгирикунанда муътадилшавии сатҳи бемории сифилис дар Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ба даст оварда шуд. Қисми зиёди беморонро мубталоёни сифилиси пӯшидаи ибтидоӣ ташкил доданд , ки метавонад боз ба бад шудани вазъи эпидемиологӣ оварда расонад.

Калимаҳои асосӣ: сифилис, паҳншавӣ, клиника


Саҳифаҳо: 367-373


Мақола

Scroll Up