Ноибони президенти АИТ ВТ ВА ҲИА ҶТ

АҲМАДЗОДА САИДИЛҲОМ МУХТОР

Ноиби президенти Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҲИА Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аҳмадзода Саидилҳом Мухтор 6 октябри соли 1960 дар ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омада, Донишкадаи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро соли 1983 хатм намуда, то соли 1987 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ҳамчун ҷарроҳ адои вазифа менамояд. Соли 1989 ординатураи клиникӣ ва соли 1992 аспирантураро дар Институти ҷарроҳии ба номи А.В. Вишневскии ш. Москва хатм намудааст.

Номзади илми тиб аз соли 1991, доктори илми тиб – аз соли 2003, профессор- аз соли 2006.

Солҳои 1992-1994 ассистенти кафедраи ҷарроҳии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ва аз соли 1994 то соли 2010- мудири кафедраи ҷарроҳии Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон шуда фаъолият менамояд.

Бо таъсис ёфтани Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҲИА Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2010- 2011 мудири шуъбаи илмҳои клиникӣ, аз соли 2011- ноиби президенти Академияи илмҳои тибби ВТ ва ҲИА Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сармутахассиси соҳавии ВТ ва ҲИА ҶТ оид ба ҷарроҳӣ аз соли 2004.

Ҷарроҳи дараҷаи олӣ Саидилҳом Аҳмадзода пайваста дар талоши баланд бардоштани малакаи касбии худ ва ҷарроҳони абдоминалӣ буда, дар Ҷумҳурӣ ташхис ва табобати ҷарроҳии як қатор бемориҳои ҷигар, ғадуди зери меъда ва роҳҳои талхагузарро ба роҳ мондааст. Аъзои ҳайати мушовараи маҷаллаи “Анналы хирургической гепатологии” ва Шӯрои таҳририяи маҷаллаи “Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон” мебошад. Муаллифи 5 Патенти ихтироъкорӣ, зиёда аз 200 мақолаи илмӣ, 3 монография буда, зери роҳбарии ӯ 12 нафар рисолаи илмӣ ҳимоя намудаанд.

Соли 2006-ум бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Дӯстӣ” мукофотонида шудааст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Соли 2018 аъзои фахрии ассотсиатсияи ҷарроҳони ИДМ интихоб гардидааст.


МУРОДОВ АЛИШЕР МУХТОРОВИЧ

Ноиби президенти Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҲИА Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муродов Алишер Мухторович 01 январи соли 1966 дар ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1999 Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудааст. Солҳои 1991 -1993 интернатураи клиникӣ оид ба анестезиология ва реаниматологияро дар шуъбаи реаниматсияи Беморхонаи шаҳрии клиникии № 5 мегузарад, солҳои 1993 – 1996 аспирант ва солҳои 1996 1999 ҳамчун ассистент фаъолият менамояд. Аз соли 2002 аввал мудири курс, баъд мудири кафедраи тибби эфферентӣ ва муолиҷаи интенсивӣ ва ҳамзамон ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ ва табъу нашри Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон шуда кор мекунад.

Дар мавзӯи «Ислоҳи вайроншавии фаьолияти мубодилаи ғайригазии шуш лар занони навзоидаи гирифтори аломатҳои хунравиҳои вазнин ва зафъи гурда» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Ихтилоли фаъолияти шуш ҳангоми алоими иллатҳои шадиди шуш дар беморон дар ҳолатҳои хатарнок (патогенез, клиника, ташхис ва муолиҷа)» рисолаи докториро соли 1999 дифоъ намудааст. Соли 2002 унвони профессориро соҳиб мегардад.

Дорандаи Мукофоти давлатии ҶТ ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 1999 , Аълочии ҳифзи тандурустии ҶТ дар 2006 мебошад.

Муаллифи зиёда аз 125 корҳои илмӣ, аз ҷумла 5 дастури методӣ, 12 пешниҳоди навоварона ва 3 монография мебошад.

Таҳти роҳбарии ӯ 3 нафар рисолаи докторӣ ва 14 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд.

Scroll Up