Президенти АИТ ВТ ВА ҲИА ҶТ

ҒОИБЗОДА АЛИҶОН ҶУРАБОЙ - Президенти Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонҒОИБЗОДА АЛИҶОН ҶУРАБОЙ

Президенти Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғоибзода Алиҷон Ҷӯрабой 20 августи соли 1957 дар вилояти Қӯрғонтеппа таваллуд шуда, соли 1981 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо дипломи аъло хатм намуд ва баъдан ба ординатураи клиникӣ ба шӯъбаи ҷарроҳии рагҳои хунгард ва коронарии Маркази илмии ҷарроҳии Умумииттифоқии АИТ ИҶШС (ҳозира МИҶР ба номи Б.В. Петровский) дохил шуд. Пас аз хатми ординатураи клиникӣ дар БКШ №5-и ш. Душанбе дар шӯъбаи ҷарроҳии рагҳои хунгард ба ҳайси ординатор фаъолият намудааст.

Соли 1990 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Оқибатҳои осеби рагҳои хунгарди периферӣ» ҳимоя намуда, худи ҳамон сол ба ҳайси ассистенти кафедраи ҷарроҳии госпиталӣ ва соли 1994 бошад, дотсенти кафедра интихоб гардид.

Соли 1996 дар МИҶР АИТР таҳти роҳбарии академики АИ ҶТ Усмонов Н.У. ва академики АИТР Белов Ю.В. рисолаи докториашро дар мавзӯи «Хусусиятҳои табобати ҷарроҳии осебҳои рагҳои хунгард дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ» ҳимоя намуд. Дар Бюллетени КОА ФР дар соли 1997 рисолаи доктории мӯ аз беҳтаринҳо арзёбӣ гардид. Соли 1999 ба ӯ унвони профессорӣ дода шуд.

Барои дастовардҳои назарраси илмӣ дар соҳаи ҷарроҳии рагҳои хунгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2003 бо Мукофоти давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино сарфароз гардида, инчунин, дорандаи медалҳои Вазорати тандурустӣва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи кишвар мебошад. Аълочии тандурустии Тоҷикистон мебошам.

Солҳои 1999-2005 дар вазифаи ноиби ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, аз соли 2005 то 2009 ҳамчун ҷонишини директори Маркази илмии ҷарроҳии дилу раг фаъолият намуд.

Соли 2010 аъзои вобастаи Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Аз моҳи майи соли 2015 то инҷониб бо дастури Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Президенти Академияи илмҳои тиб таъин гардид.

Аъзои ассотсиатсияи ҷарроҳони рагҳои хунгарди Аврупо ва Россия, аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Кардиология и сердечно-сосудистая хирургия», «Паёми Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон» ва «Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон» мебошад. 12 сол боз сармутахасиси ВТ ва ҲИА ҶТ оид ба ҷарроҳии рагҳои хунгард мебошад.

Scroll Up